Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, ў аз тарс ба об надаромадааст, чунки шиновар набудааст.
– Ман чаро ба хайма нарафтам?
– Аз тарс то касе худатро нашиносад. Тарс туро як умр дунболагир мешавад.
– Сари субҳ чун бархезам ба чидани гиёҳҳои шифобахш сар мекунам ва дар борхалта бо худ алаф мебарам.
– Боз чашмбандӣ?
– Бе ин намешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки як - ду рўз пас мо боз ба ин мавзеъ барнагардем. Чун ҳамроҳи Лайлию намояндаи шеф биёям, онҳоро низ ба чидани гиёҳҳои шифобахш ҳидоят хоҳам кард.” Бо ҳамин ва чандин розу ниёзҳои дигар ўро хоб бурду ними шаб аз хунукӣ ларзида бедор шуд. Баҳри рафъи хунукӣ ў палмосида - палмосида он шишаи конякро ёфта то қатраи охиринаш ба ҳалқ рехт. Хост каме ҳам бошад, сархуш шаваду ҳама ба гўшаи фаромўшӣ диҳад, вале ин ба гуфтан осон буд.
То субҳ вақт бисёр буд ва болои бистари алафин ғунча шуда хоб рафтан осон набуд. Агар моҳ дар сайри осмон мебаромад, эҳтимол ў соате ҳам дар он мавзеъ намеистод. Дар чунин торикӣ, ки ҳатто ду - се қадам пешро дида намешуд, ба тарафи роҳ рафтан ғайриимкон буд. Ниҳоят ў аз ҷой бархесту дар паҳлуи бистари алафинаш ба рақс даромад ва хуб буд, ки касе дар торикӣ ўро намедид, вагарна хоҳу нохоҳ девона меҳисобидаш…
Сари субҳ, вақте ки офтоб доман паҳн карду ў таъсири гармиро ҳис намуд, бори дигар баҳри ҷуброн намудани азобҳои шабона болои бистари алафин дароз кашид ва чунон хобаш бурд, ки…
Чун аз хоб бедор шуд, офтоб аз қиём ҳам гузашта буд ва ў дигар имкони чидани гиёҳҳои шифобахшро ҳам наёфта, борхалтаи хеш ба китф гирифту ба тарафи роҳи калон ҳаракат кард.
Дар даромадгоҳи Хушкакдара ў бо марде рў ба рў омад, ки шояд мисли худаш ба гулчинӣ мерафт.
– Ҳамин роҳ то ба куҷо мебарад? - пурсид марди аз пешаш баромада.
– То ба худи марз, - гуфт ў аз паҳлуи мусоҳибаш гузашта истода.

пешина
аз 513
навбатӣ