Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамин хел, бо маршруткаи ёздаҳ1.
– Ту аз он ҷавони аспсавор мисли бало тарсидӣ - ку.
– Чаро метарсидам? Ман барои эҳтиёт ба тарафи ў нигоҳ накардам.
– Ана, ҳамин аст хатои ту.
– Чӣ хел хато?
– Чунки ту аз он ҷавони аспсавор ҳазар кардию дар дили ў нисбат ба худат шубҳа пайдо шуд.
– Чаро шубҳа пайдо мешудаст? Охир кори ў бо ман чӣ?
– Ў саргарми андешаҳои хеш болои асп савор, ман бо ғами хеш пиёда қадам мезадам. Саворро чӣ парвои пиёда.2
– Пиёда будӣ ё савора, фарқе надошт, вале ў тарзе ба худат нигоҳ кард, ки…
– Чӣ хел нигоҳ кард?
– Бо шубҳа.
-Ман бошам чун аз паҳлуи савор гузоштам, дигар ба қафоям нигоҳ накардам.
– Барои ҳамин ҳам ба хаймаи чўпонҳо рафта натавонистӣ.
– Ҳаминаш беҳтар шуд.
– Тарзе гап мезанӣ, ки…
– Чӣ хел?
– Мисли Афандӣ.
– Яъне?
– Рўзе Афандӣ дар соҳил чоруқҳояшро бароварда пояшро ба об андохта шишта будааст, ки ҳамсояаш аз куҷое пайдо шуда, чоруқҳояшро ба об партофтааст. Афандӣ, ки ҳамеша худро чун оббозии моҳир муаррифӣ менамудааст, баҳри гирифтани чоруқҳояш талоше накардааст.
– О, чаро шино карда чоруқҳоятро намегирӣ? - пурсидааст ҳамсоя.
Афандӣ даст афшонда гуфтааст, ки бало ба пасашон, чоруқҳо ба поям танг буданд…
– Охир Афандӣ нахостааст, ки рози ниҳонаш ошкор шавад.

1 Маршруткаи ёздаҳ – бо ду пойи пиёда, ки ба рақами 11 монанд аст, рафтан.
2 Савор кай парвои пиёда дорад.(мақоли халқӣ).

пешина
аз 513
навбатӣ