Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Бояд хамеша ҳамин ҳолатро ба инобат гирифт, вале…Бо фарорасии шом ў ба тановули шомгоҳии хеш, ки аслан аз нон, ҳасиб, панир ва ду дона бодирингу коняк иборат буд, қаноат кард. Ҳанўз аз ҷой нахеста, дар тарафи ғарб моҳи навро дид, ки теғи доси деҳқонро мемонд. “Моҳи нави имсола қариб бо солшумории мелодӣ рост омад,” - аз дил гузаронд ў ва зери лаб аз оёти каломи Раббонӣ сурае қироат карда, барои хеш умри дарозу муваффақиятҳои кор таманно кард. Чун моҳ майл ба фурӯравӣ дошт, ў аз ҷой бархеста, аз алафҳои хушк баҳри хеш бистаре густурда дароз кашид…
Лаҳзае пас моҳ фурў рафт ва дунё дар оғўши зулмот монд. Дар чунин торикӣ ситораҳо боз бештар ба сўяш чашмак заданд, вале ин дили ўро ором накард. Аз рӯӣи суханони Лайлӣ, ки шояд ягон асосе ҳам надоштанд, шуда ў тамоми рўз чун актёри саҳна нақш бозид ва давоми нақши хешро дар саҳнаи тартибдодаи “Гурдофарид” ба фардо монд.
“Агар дар ҳақиқат бо амри шеф аз қафоям ҳам назорат бурда бошанд, ҳамин як рўзи ҷустуҷўӣ бояд кифоя мебуд. Дар ин муддат кас бемалол метавонад, то ба соҳили Ому равад. Ман бошам нақши хеш дар ин саҳнаи пурмоҷаро анҷом дода натавонистам. Магар шарт буд, ки шаб ин ҷо истам. Хайр омадам ва беҳтар мешуд, ки шомгоҳон мерафтам. Аслан ба хаймаи чўпонон мерафтам, беҳтар буд. Мегуфтам, ки гиёҳҳои шифобахш ҷамъ мекунам. Рафту агар соҳиби хайма ҳам мепурсид, ман кам не ғам не қариб даҳ намуди алафҳоеро медонам, ки ба кадом дардҳо даво мебахшанд. Ба болои ҳамаи ин агар гуфтаҳоямро каме рангу бор медодам, табиби тайёр мешудам.” Дар торикии дараи бефарёд дили ўро ваҳм зер кард ва бори аввал баъди чандин сол сураҳои азёдкардаашро такрор намуд.
Ў аслан хатсайри хешро аз хонаи иҷоравӣ то ба мавзеи Хушкакдара пеши назар овард. Ба ҷуз он ронандае, ки ўро то ба сари роҳи ин мавзеъ оварду баҳри эҳтиёт рақами мошинро дар дафтарчаи хотирааш қайд кард ва ҳамон ҷавони аспсавор, ки ў чикора буданашро нафаҳмид, дигар касеро надид. “Дар рўйи ёла хаймаи чўпонон, вале ба гумон аст, ки касе маро дида бошад. Он савор ҳам дигар барнагашт.” “Ба хайма чӣ хел мерафтӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо