Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳарчанд мо нисбати Раҳимов маводе дар даст надорем, вале бояд ёдрас намоем, ки шаби 28 апрели соли 199… ҳангоми адои қарзи Модар – Ватан дар марз ў яроқи хизматиашро гум кардааст.
Барои хунукназарӣ нисбат ба яроқи дар зиммааш буда Раҳимов Самандар ба муддати се сол ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ва баъди адои ҷазо ду моҳ боз дар хоҷагии «Ҳосилот»
вазифаи чўпонро ба душ дорад. Ҳангоми суҳбати индивидуалие, ки мо бо ў доштем, ба хулосае омадем, ки аскари қаторӣ Раҳимов ҳамроҳи ҳамяроқи дигараш Миров Хуршед он шаб дар марз посбон буданд ва нохост Миров аз тири кадом нохалафе ярадор шудааст. Раҳимов бошад, бо автомати хеш бонги хабар задаст ва баъди чанд дақиқа ба ёрии онҳо ҳафт аскар ва прапоршик Ятими Тош омаданд. Баробари омадани ёрӣ Раҳимов Мирови ярадорро пушт карда, то роҳи калон баровардааст. Дар ҳамин вақт кадоме аз ҳамяроқон яроқи ўро гирифтааст, ки бораш сабук шавад. Чун қисми низомии… дар ҳамон минтақаи шумост ва ба ҷуз прапоршик Ятими Тош ҳамаи дигар аскарон аз дигар навоҳии ҷумҳурӣ буданд ва ҳар кадоми онҳо бо автомат ба ҷойи ҳодиса рафта буд, мо ба хулосае омадем, ки яроқи чор сол пеш гумкардаи аскари қаторӣ Раҳимов Самандар аз дасти Ятими Тош берун нест. Аз ин рў, аз шумо мепурсем, ки дар атрофи собиқ прапоршики қисми низомии… Комитети ҳифзи сарҳадии давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло ба нафақа рафтаасту дар деҳаи Заргарони ноҳияи Бўстон зиндагӣ дорад, кори оперативӣ баред.
Рафту агар ягон хабаре ба даст овардед, мепурсем ба суроғаи мо ба таври фаврӣ хабар диҳед.
Имзо: Сардори ШКД ноҳияи Гулобод подполковники милитса Ҳамид Ҷовид.” Ҳамроҳ Қаюмов матни хабари оҷилиро дуюмбора хонда, сипас тугмачаи зангро зер кард.
-Навбатдори шўъба капитани милитса Ҳусейнов бо амри…
-Сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Амрихудоевро ба назди ман фиристед, - гуфт сардори ШКД.
-Хуб шудааст, - гўён Ҳусейнов аз дар баромад…
*** Ақидае ҳаст, ки дар байни асру шом таом хўрдан ҷойиз нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо