Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ў дар корҳои ҷустуҷўиву тафтишотӣ устоди касби хеш буд, вале ҳангоми баромад фаҳмид, ки ровӣ нест.
– Бо ҷинояткорон даст ба гиребон шудан осонтар аст, нисбат ба он ки бо хурдсолон суҳбат намоӣ, - шиква намуд ў баъди баромадаш бо директори мактаб.
– Баҳс намекунам, чунки ба наздикӣ худам дар як маҷаллаи бонуфуз дар бораи Андерсон мақолаеро хондам,– гуфт директор.
– Ҳамон адибе, ки барои бачаҳо бештар афсона навиштааст?
– Ҳамин хел, рафиқ подполковник. Ана, аз ҳамон Андерсон пурсидаанд, ки барои бачаҳо асар эҷод кардан осонтар аст, ё барои калонсолон?
– Барои бачаҳо низ ба мисли калонсолон асар эҷод мекунанд, вале дар қиёс бо асарҳои барои калонсолон навишташуда, асарҳои бачагона бояд беҳтар бошад, - гуфт директори мактаб.
Соатҳои даҳ ў ба милиса омад ва нав ба утоқи кориаш даромада буд, ки намояндаи шўъбаи дуюм сержанти милитса Назридин Замонов рухсат пурсида, матни хабари оҷилӣро ки аз телефакс гирифта буд, болои мизи кориаш гузошт.
Ҳамроҳ Қаюмов қоғазро ба тарафи хеш наздиктар оварда ба қиротаи он пардохт:
“Ба сардори ШКД - и ноҳияи Бўстон подполковники милитса: Қаюмов Ҳ.
Хабари оҷилӣ
Шаби 21 ба 22 августи соли равон дар мавзеи Хушкакдараи ноҳияи Гулобод шаҳрванд Солеҳ Ҷалили чилуяксола тавассути автомати 5,45мм Калашников ба қатл расонида шудааст. Аз мавзеи Хушкакдара пайроҳаи зиёди пиёдагарде то ба соҳили Ому мебарад. Мо бар он ақидаем, ки Солеҳ Ҷалил ба додугирифти маводи мухаддир машғул будааст ва ҳангоми додугирифти навбатӣ дар нуқтаи таъиншуда ба қатл расонида шудааст.
Ҳодиса аслан дар мавзее рух додааст, ки шаҳрванд Раҳимов Самандар соли таваллудаш 1978 вазифаи чўпониро дар рамаи хоҷагии «Ҳосилот» бар душ доштааст.

пешина
аз 513
навбатӣ