Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ковалчук рухсат пурсида, ба утоқи кориаш рафт. Ҳар он чӣ Сорбони Ҳомид ба даст овардааст, ин шояд дараҷаи баланди савияи дониш ва маҳорати касбии ўст. Худи Розибек Шарифзода нисбат ба капитани милиса назари мусбӣ дорад.
Ҳамин хел будааст, ки он рўз ў моро дар ҳамин лонаи худамон гунаҳкор кардан хост. Хайрият Балаҷони Юсуф ба қадре моро аз он вазъи нохинҷор раҳо сохт.
Ковалчук боз ба девори паҳлу ангушт зад ва лаҳзае пас таҷрибаомўз рухсат пурсида вориди утоқи кориаш шуд.
-Абдурашид, ҳамроҳи лейтенанти калон Музаффари Сафар ба назди ман дароед.
-Хуб шудааст, – гўён таҷрибаомўз аз дар баромад.
Ба гумонам, хонум Хоҷаева ҳавои Гулободро сахт ғуборолуд намудааст, вагарна ба гумон буд, ки ин қадар таваҷҷуҳи беандоза баҳраш арзонӣ доранд. Ба ҳар ҳол, мо низ кафолат дода наметавонем, ки Лайлӣ Анваровна нисбати мо низ бе дастовез бошад. Охир, чӣ қадар ҷиноятҳои нокушода дорем ва месазад, ки сари ҳар кадоме андеша намоем.
–Мумкин, рафиқ подполковник,– гўён Музаффари Сафар ва Абдурашиди Шариф вориди утоқи кории сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ шуданд.
–Марҳамат, гузашта шинед, - курсиҳоро нишон дод соҳиби утоқ ва чун зердастонаш ҷойҳои хеш ишғол карданд.
Олег Ефремович риштаи сухан ба даст гирифт ва ҳозиринро аз вазъи кор огоҳ сохт.
– Дар кадом доира метавонем назорат барем? - пурсид Музаффари Сафар.
–Аз доираи оперативӣ баромаданро маслиҳат намедиҳам.
Шумо бояд алоқаи Хоҷаеваро бо субъектҳои дигар ба навор гиред. Омўзиши ҳаматарафаи фаъолияти Лайлӣ Анваровнаро ба зиммаи ҳардуятон мегузорам. Абдурашид аллакай бо Хоҷаева шинос аст. Акнун аз пайи кор шавед…


Субҳи якуми сентябр барои подполковники милиса Ҳамроҳ Қаюмов фаромўшнашаванда буд. Ў ин субҳ наберааш Рамазонро ба мактаб бурд. Рамазон аз падару модараш дида, ба бобояш дилбастагии бештаре дошт ва бо талаби қатъии набера, ки акнун ба синфи якум қадам мениҳод, бобо ҳамроҳаш ба мактаб рафт. Дар саҳни мактаб падару модарони зиёде гирд омада буданд, вале аз Ҳамроҳ Қаюмович дида солортар шахсеро, ки хонандагонро ба оғози соли нави таҳсил табрик намояд, наёфтанд.

пешина
аз 513
навбатӣ