Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дунё худ чархи гардун аст. Дирўз ман занг задам, имрўз онҳо.
– Ба фикрам, пас аз занг задани шумо Олег Ефремович дар куртаи гулободиҳо кайк даромадааст ва субҳи солеҳон сардори ШКД - и ноҳияи Гулобод ба хонаи мо занг зада, барои ёрии бевоситаатон ба шумо ташаккур гуфт.
– Ҳамид Ҷовид?
– Бале.
– О ҳар чӣ ки мо ба даст овардем, ба воситаи телефон ман бо капитани милиса Сорбони Ҳомид хабар додам.
– Чӣ, Сорбони Ҳомид ҳоло дар Гулобод кор мекунад?
– Надонам. Ду рўз пеш он кас бо хоҳише назди ман даромад ва ҳар чӣ ки аз дастам омад...
–Сорбони Ҳомид ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД - и ноҳияи Саричашма аст, пас чӣ тавр ў омада аз номи гулободиҳо даъво кардааст?
–Он кас дар ҳақиқат ба ман шаҳодатномаи хизматиашро нишон дод, вале ман аз рўйи эҳтиром шаҳодатномаи ўро ба даст нагирифтам.

  • Сорбони Ҳомид ин уқоби корҳои ҷустуҷўист ва модоме ки ў дар Гулобод аст, нисбати куштори дар он маҳал рухдода далелҳои боэътимоде ба даст овардагист, вагарна ҳеҷ гоҳ Ҳамид Ҷовид занг намезад.
    – Онҳо боз чӣ мехостанд?
    – Онҳо хоҳони онанд, ки мо Хоҷаева Лайлӣ Анваровнаро ба зери ҳимояи хеш гирем.
    –Чӣ, касе ба ў таҳдид мекунад?
    –Намедонам, вале Ҳамид Ҷовид хоҳиш кард, ки мо Хоҷаеваро ба зери назорати оперативӣ гирем.
    – Маълум ки онҳо аз Хоҷаева гумонбаранд.
    – Намедонам. Барои ҳамин Шуморо ҷеғ задам, ки сари ин масъала якҷоя фикр намоем. Мегуянд қарсак аз ду даст беҳтар садо медиҳад.
    – Чун гулободиҳо ба мо эътиқод намуданд, оё мо метавонем сухани онҳоро ба замин монем?
    – Бисёр хуб, акнун аз пайи ҳамин кор шавед. Аз натиҷааш ба Ҳамид Ҷовид хабар диҳед.
    – Аз воситаҳои техникӣ ҳам истифода барем?
    – Бе ин назорати опертивӣ бурдан маъние надорад.
пешина
аз 513
навбатӣ