Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Розибек Шарифзода ним сол боз вазифаи сардори ШКД - и ноҳияи Марказиро ба душ дорад ва субҳи якуми сентябрро бо занги телефонии Ҳамид Ҷовид истиқбол гирифт. Аз он чӣ ки Ҳамид Ҷовид дар ин субҳи солеҳон мунтазири ба кор рафтани Розибек Шарифзода нашуда ба хонааш занг зад, худ гувоҳи он буд ки вазъи ҳамкорони ноҳияи Гулобод бад аст. Розибек Шарифзода ҳарчанд худ бо Ҳамид Ҷовид аз наздик шинос набуд, вале дар бораи ў суханҳои неке шунида буд ва ба қавле ғоибона сардори ШКД – и ноҳияи Гулободро мешинохт. Аз он чӣ ки Ҳамид Ҷовид ба Олег Ефремович салом расонду гуфт, ки аллакай дар кушодани нӯги гиреҳ аз ў ёрӣ гирифтааст Шарифзода хурсанд шуд. Агар дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ мо ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз накунем, дигар кӣ ба ёрии мо меояд? - гуфт Шарифзода.
Соате пас Шарифзода ба идора омад ва подполковник Ковалчукро ба назди хеш хонд.
– Подполковник Ковалчук аз рўйи нақшаи расмӣ барои иштирок намудан ба маросими Рўзи Дониш ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 17 бояд мерафт ва танҳо баъди анҷоми маросими расмӣ ба идора меояд, – хабар дод навбатдор.
– Чун омад ҳатман назди ман дарояд, – гўён Шарифзода ба утоқи кориаш рафт. Баробари ба курсӣ нишастан ба раёсати корҳои дохили шаҳр занг зада, аз вазъи муътадили ноҳия хабар дод. Сипас, бо арзу шикояти меҳнаткашон, ки як шабонарўзи охир ба воситаи котибот дохил шуда буду Гулбарг Намозова лаҳзае пеш онҳоро оварда, болои мизи кориаш гузошта рафт, шинос шуд. Кам не, ғам не арзу шикоят ва мактубҳои омада расо як соат вақти ўро гирифтанд. Чун ба ҳар як арзу шикоят ў амри хаттӣ навишт ва хост гўшакро бардошта, аз навбатдор омадани Ковалчукро пурсон шавад, ки дар кушода шуду худи Олег Ефремович рухсати даромадан пурсид.
– Ин субҳ аз ШКД – и ноҳияи Гулобод занг заданд ва ман боз соате омадани шуморо интизорам, - гўён Шарифзода аз ҷой бархеста ба Ковалчук даст дода, ўро ба нишастан таклиф намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо