Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дигараш кори мо нест, милиса медонаду ҳамон марди ношинос, ё тир шиканаду ё ҷувоз, ба мо фарқаш нест.
– Дили ман хавотир.
– Аз чӣ?
– Охир, милиса аз ман гумонбар аст. Онҳо гумон доранд, ки ман ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим дар марги Солеҳ Ҷалил гунаҳкорам.
– Чӣ хел гунаҳкор? Нагуфтӣ, ки ҳамроҳи ман будӣ ва мо ҳарду якҷоя овози тирро шунидем.
– Гуфтам.
– Пас чаро онҳо аз худат гумонбаранд?
– Чунки Солеҳ Ҷалил аз ҳамон навъи яроқе ба қатл расонида шудааст, ки ман…
– Чаро суханатро дуздидӣ? Гап зан!
– Аз ҳамон навъи яроқе ба қатл расонида шудааст, ки замоне ман дар армия гум карда будам.
– Хайр чӣ, ки ту яроқатро гум карда будӣ? Ин маънии онро надорад, ки он яроқ дар дасти худат ҳаст. Нагуфтӣ, ки барои гум кардани яроқ ман аллакай ҷазоямро гирифтам.
– Онҳо ҳамаи инро медонанд.
– Медонанду аз шахси бегуноҳ гумонбар мешаванд. Ё тавба!
– Акнун ман чун гови алоям, ҳар коре ки мешавад, милиса аздусар маро бурда мепурсад.
– Дилатро дур набар. Вазифаи милиса танҳо ёфтани ҷинояткор нест.
– Магар милиса боз вазифаи дигар ҳам дорад?
– Як хешамон аз милиса ба нафақа баромад, шояд шунида бошӣ - Амириён.
– Ҳа, падарам баъзан ўро бо некӣ ёд мекунад.
– Ана, ҳамон полковник Амириён ҳамеша таъкид мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи милиса ин дур афкандани соя аз болои шахси бегуноҳ аст.
Самандар дигар чизе нагуфт. Ў ҳамроҳи сарчўпон аз қафои рама ба сўйи хайма ҳаракат кард. Шом фаро мерасид...
– Хуб шудааст, рафиқ подполковник. Албатта, метавонед ба мо умед бандед, - гўён майори милиса Розибек Шарифзода гўшакро ба ҷояш гузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо