Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар ҳамон ҷойе, ки Сайдмуроди Кабир хона дорад, ветучастка буд. Ана, дар ҳамон мавзеъ Додарбек озмоишгоҳи илмӣ ташкил карда буд. Чӣ қадар суғуру суғурчаҳоро ў пӯст канда буд. Ба фикрам, соли сеюми ба ин ҷо омаданаш экскватори Сайди Азизро гирифта, ба мавзеи Сармобарак рафт ва хонаи суғурҳоро канд. Баъдтар ў номзади фанҳо шуд. Дар ҳамин солҳои ҷанги бародаркуш Додарбек низ дунёи фониро тарк кард. Рафту ношиноси гуфтаат ҳам мисли Додарбек аз пайи корҳои илмӣ бошад.
– Намедонам.
– Чӣ лозим аз ягон кас гумонбар шудан? Охир мо ҳама дар ватани худем.
– Рафту ў қотили Солеҳ Ҷалил бошад - чӣ?
– Агар ў қотили Солеҳ Ҷалил мешуд, дуюмбора пой бар ин мавзеъ намегузошт, мефаҳмӣ, дуюмбора пой бар ин мавзеъ намегузошт.
– Намедонам ба ҳар ҳол дилам гувоҳӣ медиҳад, ки марди ношинос бо дили пок ба ин ҷо наомадааст.
– Дилам гувоҳӣ медиҳад, дилам гувоҳӣ медиҳад. Магар ҳамин ҳам гап шуд? Агар дилат гувоҳӣ медод, чаро пеши роҳашро нагирифтию пурсӣ, ки ў чӣ кора асту дар ин мавзеъ чӣ мекобад?
– Рафту дузд бошад чӣ?
–Чӣ хел дузд, дузд дар биёбон?
– Аспдузд.
– Магар аспдузд аз сари субҳ ба мавзеи Хушкакдара меояд?
– Шояд ўро ягон сиррест?
– Инаш кори мо нест. Вазифаи мо рамаро бонӣ кардан ва ба талафоти он роҳ надодан аст.
– Ҳамчун шаҳрванд мо низ вазифадорем, ки ба мақомоти дахлдор ёрӣ расонем.
– Пас чаро ба милиса рафтию дар ҳамин бора онҳоро огоҳ накардӣ?
– Ҳангоми пурсиш ман дар бораи шахси ношинос ҳам ба милиса хабар додам.
– Бисёр хуб, дигар чӣ ҷойи таассуф? Агар дар ҳақиқат онҳо милиса бошанд ва нону намаки давлатро пос доранд, бояд дар ин бора чорае андешанд. Худат қарзи шаҳрвандиро аз гарданат соқит намудӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо