Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

О, чаро ў лонаи суғуру рӯбоҳро меҷӯяд, ё ин ҳамааш назарфиребист. Агар ў дузд бошаду қасди Рахш намуда бошад, беҳтар буд, ки қасдашро дар деҳ амалӣ мекард. Ин субҳ гург бо ҳама чолокиаш аз дасти муҳофизон ҷон ба саломат бурда натавонист, пас ў чӣ тавр метавонад шабонгоҳ ба рама наздик шавад. Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Агар ў дузд бошаду маҳз ба ҳамин хотир ба ин мавзеъ омада бошад, каллакаду будааст.
Ҳар кӣ ҳам бошад, ў бо мақсаде ба ин мавзеъ омадааст ва мақсадаш чист, мо намедонем. Шояд қотили он марде, ки ҷони хеш аз даст дод, ҳамин мард бошад? Чаро не? Охир ў агар бегуноҳ мешуд, аз ман канораҷўӣ мекард. Ба ҳар ҳол бо амаки Шодӣ дар ин бора маслиҳат намудан лозим. Ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд. Канӣ бинам, амаки Шодӣ чӣ маслиҳат медиҳад? - гўён Самандар асои чўпонӣ ба даст гирифта, ба тарафи рама ҳаракат кард.
– Самандар, барои алов рафта будӣ? - чўпонро дида пурсид Шодии Лоиқ.
– Дар дуроҳа ихтиёрро ба дасти Рахш додам ва ў маро ба ҳамин самт овард.
– Ихтиёрро ба дасти асп додӣ? Эй сода будаӣ, наход одам ихтиёрро ба дасти ҳайвон диҳад? - дилашро дошта қоҳ - қоҳ хандид сарчўпон: - Милисаҳоро дидӣ?
– Ҳа.
– Гуфтам - ку ҳеҷ гап нест. Милисаро бо бегуноҳ коре нест. Дидӣ, пурсиданду ҷавоб доданд. Ту бошӣ, расо як шаб то субҳ маро гаранг кардӣ.
– Амаки Шодӣ!
– Лаббай.
– Имрўз ба тарафи Хушкакдара як марди ношинос омад.
Оё ў ба ин ҷо наомада буд?
– Не, чӣ буд?
Самандар аз натиҷаи вохўрии субҳгоҳиаш то назорати ҳозирааш ба сарчўпон дар бораи марди ношинос гап зад.
–Кори мо чӣ ки кадом марди ношиносе дар кўҳ мегардад.
Рафту вай ягон олим бошад ва нисбат ба зиндагии суғурҳо мавод ҷамъ карданист. Ана, ҳамин хел кор як вақтҳо буд.
Додарбек ном олими биолог, (руҳаш шод бод) дар ҳамин мавзеи Хушкакдара чанд сол омада дар бораи суғурҳо мавод ҷамъ кард.

пешина
аз 513
навбатӣ