Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар дар ҳақиқат ношинос омадани ўро надида бошад ва дар асл ҳам ҳамин хел буд, нураналонур мешуд. Ў самти ҳаракаташро тағйир дода, аз тарафи муқобили дара ба сўи хайма асп монд…
Ним соат пас ў дар пеши хайма аспро боздошт. Сарчўпон аз қафои рама рафта буд. Самандар лаҷому зини асп бигирифт ва Рахшро ба сўйи марғзоре бурд, ки ин субҳ лангар намуда буд. Чун баргашт аз байни либосҳо ва ҷиҳози хайма дурбини Шодии Лоиқро гирифта, рўйи ёла баромад ва ҷойи муносибтареро интихоб намуда, ҳаракатҳои марди ношинос - ро ки ним соат пештар дида буд, ба зери назорат гирифт…
Самандар қариб, ки нафас нагирифта вайро наззора менамуд. Ҳар он чӣ ки дид, ҳеҷ ба ақл рост намеомад.
Ношинос гоҳе паст мерафту гоҳе то нисфи кулла мебаромад.
Паси сангҳо ва лонаи суғуру рӯбоҳро аз назр мегузаронд.
Умуман, ҷўёи чизе буд. Чун рама дар дигар самт буд, ношинос дар ин дараи бефарёд аз чизе ҳазар накарда, саргарми ҷустуҷў буд. Ниҳоят офтоб ба ғуруб рафту ношинос ба самти поёни дара ҳаракат кард ва паҳлуи чашмае қарор гирифт. Самандар баръало дид, ки ношинос халтаи бо худ овардаашро дар лаби чашма монда будааст. Ў аз халта чизеро бароварда, дар оби чашма тар карду ба даҳон бурд. “Эҳтимол ноштои шом мекунад” аз дил гузаронд Самандар ва ҳамон хел ноаён қафо рафт…
Ниҳоят чўпон қоматашро рост карда, ба самти муқобил нигарист. Рама аллакай рўйи ёла баромада буд, вале то ҳанўз аз Шодии Лоиқ дарак набуд. Рафтори марди ношинос ўро дар дуроҳа монда буд. Аз он ки ношинос майли аз ин мавзеъ берун рафтан надошт, чўпон шаку шубҳае надошт. Модоме ки ў майли аз ин ҷо рафтан надорад, пас ўро коре ба ин мавзеъ овардааст. Ҳафтаи гузашта низ ҳамон марде, ки ҷони хеш аз даст дода буд, шояд бо коре азми ин мавзеъ намуда буд. Имрўз бошад, ҳарчанд ношинос аз он мавзеи ҷойи ҳодиса ду - се фарсах роҳ дуртар буд, вале кӣ медонад ўро дар сар чӣ савдоест. Шояд ў омадани ягон касро интизор бошад.
Магар ӯ ҷойи дигаре баҳри интизорӣ кашидан наёфт. Шояд дар ҳақиқат дузд бошаду Рахшро нияти дуздидан дошта бошад? Агар чунин аст, ин ҳама ҷустуҷўи ў чӣ маънӣ дошта бошад?

пешина
аз 513
навбатӣ