Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои он ки бо тафтишот ҳамкорӣ кардан нахостам, то мўйро аз хамир ҷудо намоянд. Аз худ қаҳрамон тарошидам, ки бубинед бачаи Раҳим чӣ гуна кас аст. Мардумон рост гуфтаанд, ки “Аҳмад рафт Маккаю Мадина, чун баргашт боз ҳамон Аҳмади порина” Бадбахтии ман дар он аст, ки ман ҳеҷ сиёҳро аз сафед фарқ накардам, ки накардам.
– Шояд баргашта рафта узр пурсӣ?
– Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст ва узри бадтар аз гуноҳ ҳам ба гумон аст, ки мақбули касе шавад. Чун кори шудагӣ шуд, дигар афсўсу надоматро суде нест. Ҳар чӣ бодо бод, – гўён Самандар аз зинаҳои пеши бинои милиса поён фаромад.
Чоряк соат пас ў худро болои Рахш гирифт ва ин дафъа тақдири хеш дар дуроҳа ба ихтиёри асп монд. Тақдирашро ба ихтиёри Рахш монду ҳамоно пушаймон шуд, чунки андеша накард, ки ҳайвон ҳайвон аст ва дар чунин фасл ҳеҷ гоҳ кўҳу ёларо монда, ёди деҳ ва лангари танг намекунед. Чун якрав буд, аспро аз роҳ нагардонд ва бо тозиёна мукофоташ дод.
Рахш чун бод ўро бо ҳамон роҳе бурд, ки субҳ омада буд…
Дар даромадгоҳи дара вохўрии субҳгоҳиашро бо марди ношинос ба ёд овард.
– Аҷиб, он марди ношинос кӣ буду бо кадом коре майли ин мавзеъ намуд? – Савол дод ў ба худ, вале дар ҷавоб музтар монд. Ў бори аввал дар зиндагӣ ба милисаҳо аҳсан гуфт, чунки бо ҳаракатҳои хеш сари ҳазорон калобаи гумшударо дарёфта, ҳақро ба ҳақдор расонданд. Дар гардиши Сурххокӣ ў тамоми ҳушу ёдашро дар як нуқта гирд овард ва чун асп аз гардиш тоб хўрд, ў лаҷомро ба тарафи хеш кашид. Асп истоду савор сари по дар узангу рост шуда, дасташро болои чашмон лапар кард ва ба мавзеи Хушкакдара нигарист: - Ба ногоҳ ў ҳамон марди ношиносро дид, ки дар масофаи чандин фарсах аз ў дуртар ба ҳамон самте, ки ў ҳозир равон буд, ҳаракат дошт.
Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро тайи чанд соат он мард то ҳанўз ба пушти Хушкакдара набаромадааст. Агар ў дар ҳақиқат майли аз ин мавзеъ рафтан мекард, Самандари Раҳим дигар рангу раҳматашро ҳам намедид. Мард чунон оҳиста – оҳиста қадам мезад, ки бинанда гумон мекард, дар байни алафҳо ҷўёи сўзан аст. Ў беихтиёр ба асп қамчин зад ва мавқеи хеш дигар кард.

пешина
аз 513
навбатӣ