Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Шояд модар намехост, ки фарзандонаш бармаҳал бедор шаванд. Дили Сабоҳат ба ҳоли модар сўхт. Ин субҳ додару хоҳараконаш бояд ба мактаб раванд. Агар тақдир бо дасти шахшӯлаш чун путк ба сари ў намезад, ў низ ҳамроҳи дугонаҳояш ба мактаб мерафту дар иди «Дониш» ширкат меварзид, вале…
Дирўз бегоҳӣ дар пеши дарвозаи ҳавлиашон ҳамсинфаш Ҷамилаи Ҷамолро дид. Ҷамила хабар дод, ки имсол баъди хатми синфи ёздаҳ ба Донишгоҳи технологии ҳуҷҷат месупорад. Орзуҳои Ҷамила дили бе ин ҳам хазини ўро ҳазинтар намуд. Як сол аст, ки ў ҳама орзую омоли хеш ба гўшаи фаромўшӣ дод ва ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда ҳамнишини занҳои рўзгордида гашт…
Ҳаминаш намерасид ва акнун ба номи ў калимаи бева ҳамроҳ шуд. Модаркалонаш ҳамеша таъқид мекард, ки аз беваи шоҳ дида, зани хурўс будан алвотар аст…
Чун хонаи хоб дар ҳолати нимторикӣ қарор дошту модар нӯг - нӯги по қадам зада, то пеши дар рафт, духтар аз бедоршавии хеш дарак надод. Вақтҳои охир ў нисбат ба ду - се моҳ пештар ниҳоят хоболуд шуда буд. Модар ҳам вазъи ўро нағз мефаҳмид, ки субҳгоҳон худаш корҳои хонаро ба душ гирифта буд ва ин субҳ низ ў хомўшу беовоз дарро кушода аз хона берун шуд. Ҳамаи ҳаракатҳои модарро бо чашмони нимпўшида духтар дид, вале аз бедории хеш дарак додан нахост. Ў бисёр мехост, ки боз лаҳзае рўи бистар бошад ва…
Орзуҳои Сабоҳат ҳам чун орзуҳои ҳамсолонаш буданд.
Дар замири ў низ муҳаббат бо Муҳаммад дар набард буданд.
Муҳаббат аслан ўро ором карданӣ шуда мегуфт, ки аз сад гулат як гул ҳанўз хазон нагаштааст ва боз агар худат талоше ба харҷ диҳӣ, дар дили садҳо ҷавон пайкон хоҳӣ зад…
Муҳаммад бошад, ўро ба сабру таҳаммул даъват мекард.
Бубин, дар батнат тифл дорӣ, ки ў давомдиҳандаи умри одамист ва оё месазад, ки барои дилхушии лаҳзаина шарму ҳаё пеши по занӣ…
Дар ин субҳи солеҳон болои бистар ғел зада, сари туғён ва набардҳои дар қалбаш рухдода андеша кардан хост, вале ба хулосае омада натавонист. Дилаш акнун ду ним шуда буд ва нимаи заифи он тарафдори муҳаббат буду нимаи дигараш дасту остин барзада, ба ҳимояи Муҳаммад бархеста…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо