Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят тифли дар батнаш буда ғел зада аз ҳастии хеш дарак дод. Ҳаракати тифл он чунон ногаҳонӣ буд, ки дили духтар гум зад ва тарафҳои дар набард бархеста низ муҳри хомўшӣ бар лаб заданд. Духтар зарфи шаффофу нозукеро мемонд, ки лабрези об буду ҳар як ҳаракати беҷой метавонист онро ба боди фано диҳад. Аз нигоҳи довар созиш байни муҳаббат ва Муҳаммад ҳалли ягонаи ин муаммо буд.
Ниҳоят радио бо навохтани матни сурурди миллӣ аз оғози кори хеш хабар дод. Имрӯз якуми сентябр Рўзи Дониш аст, сухани аввалини ровӣ буд, ки мардуми кишварро аз оғози соли нави таҳсил хабардор кард. Ҳарчанд дари мактаб барои касе баста набуд, вале бо сабабҳои маълум ў ин субҳ ба мактаб рафта наметавонист.
Дили духтар баъди хабари ровӣ реш - реш шуд, вале ҳама ин сӯзро ниҳон доштан лозим меомад, то дили модар озурда насозад. Охир модар ягона шахсе буд, ки тамоми бори зиндагиро ба души хеш бардошта. Агар ў намебуд, Сабоҳату додару хоҳараконаш дар аъроф мемонданд.
Аслан дари мактаб чун дари биҳишт ба рўи ҳамагон боз аст, вале хатми он ба ҷаҳду та зич дорад ва танҳо донишу омоли нек шахсро муззаффар хоҳад кард, мисле, ки шахс танҳо бо кирдори нек метавонад умед ба биҳишт бандад ва фардои рўзи қиёмат бузро бо пойи худаш меовезанду бузғоларо бо пойи худ. Дар қиёмат ягон мартабае меросӣ нест. Ҳамаи ин меросдеҳу меросхўрҳо дар ҳамин дунё ҷилванамоӣ мекунанд. Тағою ҷўрабозиҳо низ маҳсули ҳамин дунёанд, чунки ҳама довари кори хешанд, бехабар аз рўзи фардо, аз рўзи ҷазо, ки ҳамагонро довар як аст ва назди ў ҳама баробаранд, чӣ шоҳ, чӣ гадо…
Аслан дари мактабро ба рўйи ў волидайнаш бастанд.
Саҳми падар дар ин ҷода бештар буда, модар бо беҳаракатии хеш баҳри амалӣ шудани кирдорҳои нопоки шавҳар ҳисса гузошт. Бубин, Ҷамилаи Ҷамол нисфи ў доно набуд, вале дар дил чӣ ҳавасҳо дорад. Не, акнун ў фикри мактабро бояд аз сар дур намояд.
Мавҷи андешаҳо Сабоҳатро аз мактаб рост ба хонаи мўйсафеди Ҷалил Барот бурд. Ў он рўзи ба назди мўйсафед рафтанашро ба ёд оварда, қалбаш фишурда шуд.

пешина
аз 513
навбатӣ