Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Агар вақт имкон диҳад, шояд дар ҳамин ду - се рўзи дигар гиреҳе аз ҷинояти дар мавзеи Хушкакдара рухдодаро дарёбад” - аз дил гузаронд сардори милиса ва гуфт:
– Агар фаҳмида бошӣ, фурсатро аз даст надеҳ. Рафту бахтамон омад намояд, дар ҳамин ду - се рўз ҳам ягон илоҷ мекунем.
Ў ба тарафи мизи кориаш ҳаракат намуда, ҳуҷчатҳоро аз болои миз гирифту ба ғалладон гузошта, даст ба тарафи сейфи оҳанин бурда ва чун боварӣ ҳосил кард, ки он маҳкам аст, амр дод:
– Рафтем!
– Ба куҷо? - аз ҷой бархоста пурсид Сорбони Ҳомид.
– Ба ошхона, – гўён аҳли толорро барои баромадан ҳидоят намуд сардор ва чароғро хомўш кард.
Духтар ин дафъа бо шунидани бонги хурўс бедор шуд.
Ҳарчанд мавзеи Гулбутта як пораи ҷудонашавандаи шаҳр аст, вале мардумашро шаҳрӣ гуфтан нашояд. Аксари мардуми ин маҳал чун мардумони кўҳдоман ёрдамчии бозоранд ва аз субҳи содиқ то фурӯрафтани офтоб дар замини наздиҳавлигиашон ҷунбуҷул менамоянд. Агар ҳамин тавр намебуд, кӣ медонад ҳоли Сабоҳату додару хоҳараконаш чӣ мешуд. Чанд соле ки падараш дар Русия аст, модар бо шунидани бонги азон ё овози хурўс аз ҷой бархеста, дар ҳота ҷунбуҷӯл мекард. Соате пас ў қисме аз ҳосили заминро ба бозор бурда, рисқу рўзии хеш ва фарзандонро меёфт. Худи Сабоҳат нисбат ба бонги хурўс нафрат дошт, чунки фарёди бевақтии хурўс тамоми хурўсҳои гирду атрофро ба овоз рўшан кардан водор мекард ва хоби мардумро нороҳат месохт. Шояд худи ҳозир агар хурўс нағмапардозӣ намекард, хоби ӯ вайрон намешуд. Духтар яку якбора чашм накушод. Ў сари хобҳои лаҳзае пеш дидааш андеша намудан хост, вале ҳамоно аз райъаш гашт, чунки хоби дидааш он қадар печ дар печу бесару нӯг буд, ки ўро гоҳ ба арш бурдаву гоҳе ба фарш оварда… “Ҳамааш аз касофатии ҳамин хурўс шуд” аз дил гузаронд духтар ва оҳиста - оҳиста чашмонашро кушод. Хона дар ҳолати нимторикӣ қарор дошт. Нигоҳи Сабоҳат ба модар бархӯрд, ки аллакай сари по рост шуда буду нӯг - нӯги по аз хонаи хоб берун рафтан мехост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо