Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Ба таври расмӣ, розигии прокурор лозим, вале чун ҳуҷҷате дар ин бора надорем, аз назорати расмӣ даст кашиданамон лозим мешавад. Акнун моро танҳо як роҳ аст:
бо роҳи оперативӣ ба мақсади хеш ноил гаштан. Чун бо роҳи оперативӣ дастоварде насибамон гардад, гирифтани розигии прокурор ҳам осон мешавад.
– Дар ин бора ман ба ШКД - и ноҳияи Марказӣ занг занам ё шумо?
– Дар урфият мегўянд, ки сад задани сўзангару як задани оҳангар! - нидо омад аз толор.
– Майлаш, ин тарафи масъаларо ман ба зиммаи хеш мегирам. Дар бораи варақгардон кардани зиндагиномаи Ятими Тош бошад, ба ШКД – и маҳали зисташ хабари оперативӣ тайёр намоед.
– Хуб шудаст! – аз толори торик овоз баланд кард лейтенант Гурезов.
– Масъалаи назорати мавқеи Хушкакдараро чӣ кунем? – савол дод шахси якум.
– Ман зид нестам. Ба ҳар ҳол, ин масъаларо то фардо мавқуф гузоштан лозим меояд, – гўён шахси дар саҳна буда тамоку даргиронд. Сипас ў аз ҷой бархеста, ба тарафи толори торик ҳаракат кард ва даст ба тугмачаи дар пушти дар бурд.
Фазои утоқи кориро мунаввар шуд. Ду нафари дар толор нишаста, ки чашмонашон ба торикӣ одат карда буд, аз яку якбора фурўзон гаштани барқ дар лаҳзаи аввал ба панҷаҳояшон чашмони хешро ҳифз карданд.
Соҳиби утоқ ҳамон хел тамоку дар даст ба назди тиреза рафта онро кушод.
– Хуш, рафиқ капитан, боз чанд рўз шумо бояд ин ҷо монед?
– Ду рўз, бисёри бисёр се рўз.
– Шунидӣ, рафиқ лейтенант? – ба тарафи Гурезов рў оварда гуфт Ҳамид Ҷовид.
– Ҳа.
– Ба гумон аст, ки Ғаюр Наботович ин дафъа маро дастгирӣ кунад. Фарз кардем Ғаюр Наботович ҳам маро дастгирӣ намуд, вале келин чӣ мегуфта бошад? Охир ду рўз пас расо ҳабдаҳ рўз мешавад, ки Сорбони Ҳомид ин ҷост. Дар ин давом ў аллакай ду ҷинояти дар зери назорати шахсии вазир бударо кушод.

пешина
аз 513
навбатӣ