Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Назорат чӣ лозим, ўро оварда пурсем - чӣ?
– Метарсам, ки аз бад бадтар нашавад.
– Чаро?
– Зеро ҳама ҷову ҷалол ва мошини «Мерседес» - ро баҳри Хоҷаева касе тақдим намудааст, ё...
– Ё, чӣ пурсид шахси дар саҳна буда.
– Андак сабр, рафиқ подполковник. Аз он ки духтари бисту панҷсола то ҳанўз дар ягон ҷо кор накарда, соҳиби сарват гаштааст. Вай ҳама ин сарватро ё ройгон соҳиб гаштааст, ё худаш дар гардиши маводи мухаддир саҳмгузор аст. Аз ҳамин рў, назорат аз қафои Хоҷаева ба манфиати кор аст. Шояд худи Хоҷаева қасди ҷони Солеҳ Ҷалил намуда бошад ва ё супоришдиҳанда дар ҷиноят бошад.
– Гумон доред, ки ў моро бо иҷрочии ҷиноят шинос мекунад?
– Шояд…
– Ман ҳайронам, ки чаро шумо ғолиби «озмуни» моро аз маърака берун кардед?
– Чунки на ба таври ростхата ва на ғайримустақим ўро аз марги Солеҳ Ҷалил манфиате нест. Дар чунин ҳолат боздоштани ў ин худ як нишонае аз шикасти милиса мешавад.
– Андешаи лейтенант Гурезов дар ин бора?
– Ба фикри рафиқ капитан, розиям, - посух дод шахси дуюми дар толор буда.
– Аз кадом нуқтаи назар шумо Ятими Тошро гумонбар шудед ва оё месазад, ки мо коҳи кўҳнаро бод кунем? – боз бо ҳамон самти торикӣ нигариста гуфт марди рўи саҳна буда.
– Фикру ақидаи хешро дар гузоришам пешниҳод наму ва ба гумон аст, ки бештар ба он чизе илова намоям. Коҳи кўҳнаро бошад, мавриди бодаш расидааст ва моро аз бод карданаш роҳи гурез нест..
– Худамон бод медиҳем?
– Фарқе надорад мо ё дигарҳо. Охир дар маҳали зисти Ятими Тош ҳам милиса ҳаст. Ҳамин тарафи масъаларо нисбат ба Хоҷаева мо метавонем ба воситаи бахши кофтукови ҷиноятии ШКД – и ноҳияи Марказӣ ба воситаи Ковалчук ҳам иҷро намоем.
– Барои чунин амал ягон чиз лозим аст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо