Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ман онро ба ягон ҷо пешниҳод намекунам.
– Ихтиёратон. Чун ҷеғ задем, ҳатман биёед!
– Ҳоло ба куҷо равам?
– Ба хона ё ба сари рама. Умуман, ба куҷое дилатон хоҳад.
Самандари Раҳим дигар чизе нагуфта, аз утоқи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ баромад.
– Рафиқ капитан, бо чунинҳояш…
– Ҳеҷ гап не, милиса ба чунин хабаркашҳо ҳам эҳтиёҷ надорад. Агар ў дар вақташ нишондоди рўйростро аз хабаркашӣ фарқ мекард, ҳаргиз дар маҳбас наменишаст. Ба ҳар ҳол ў мардона сухани хеш гуфт ва эҳтироми банда нисбаташ дучанд шуд. Мо бе ў ҳам сояро аз болояш дур хоҳем кард, то бидонад милиса кист.
– Баъди ҳамин суханҳои қаланфурмонандаш?
– Албатта. Охир ин вазифаи ҷонии мост.
Гурезов боз чизе гуфтан мехост, вале занги телефони дохилӣ садо дод ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гўшакро ба дасти Сорбони Ҳомид дода оҳиста гуфт:
-Аз ноҳияи Марказӣ шуморо мепурсанд, рафиқ капитан…
Утоқи кории Ҳамид Ҷовид дар ин нисфи шаб саҳнаи театрро мемонд. Дар сари мизи корӣ Ҳамид Ҷовид чун актёри саҳна сухан мегуфт ва бинанда гумон мекард, ки ў бо худ не, бо тамошобинон гуфтугў дорад. Ягона чароғаки рўимизӣ, ки ранги нофармон дошт, ба тарафи саҳна нигаронида шуда буд ва «аҳли толор» дар нимторикӣ менишастанд.
– Ба фикри шумо, ба зери назорат гирифтани мавзеи Хушкакдара ягон натиҷа медиҳад? - пурсид шахсе, ки чароғаки саҳна ба сўяш нигаронида шуда буд.
– Намедонам. Модоме ки худи ҳамин мавзеъ мавриди омўзиши мо қарор гирифтааст, месазад нисбат ба ҳолатҳои кор дурусттар андеша намоем, - овоз омад аз толор.
– Дар масъалаи хабари телефонии Олег Ефремович чӣ чора андешем?
– Аз он чӣ ки мардуми маҳали зисти Хоҷаева расми Солеҳ Ҷалилро шинохтанд ва гуфтаанд, ки бо Хоҷаева муносибати маҳрамана доштааст, хуб мешуд, ки аз қафои Хоҷаева назоратро ба роҳ монем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо