Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

қасди ҷонвари бегуноҳ кард, худ акнун луқмаи тайёри зоғу заған гаштааст, - ба ҷисми беҷони гург нигариста зери лаб гуфт чўпон. Мавҷи хаёлоти ў то ба дуриҳо парвоз карда, пеши Ширин рафт. Ҳоло Ширин ба чӣ кор машғул бошад. Агар аз милиса беосеб бароям, бегоҳ ҳатман бо ў вомехўрам.
“Аз милиса баромаданат душвор!
– Чаро?
–Агар милиса ба бегуноҳият бовар мекард, туро дигар ҷеғ намезад. Не, ҳоло мақому мартабаи худат хеле боло рафтагӣ.
Онҳо боз ҳам коҳи кўҳнаро бод хоҳанд кард.
– Кадом коҳро?
– Чӣ тавр гум карданӣ яроқатро.
– Яроқи ман чӣ дахл дорад? О ман ҷазои хеш гирифта омадам.
– Хато мекунӣ. Онҳо мепурсанд, росташро бигўй, ки яроқро ба кӣ фурухтӣ. Бубин, аз ҳамон яроқи худат марди бегуноҳе захмин шуда, дунёи ҳастиро тарк намуд.
– Чаро аз яроқи ман? Дар он шабу рўз ҳама кӯру кар соҳиби яроқ буданду дар сина зада, “ман!” мегуфтанд.
– Мисли ҳамин гурги имрўза?
– Дар бебокӣ силоҳбадастон аз ҳамин гург камӣ надоштанд, вале давлат ҳамаашро ба ҷояш шинонд. Чун фаҳмиданд, ки давлат бе дарвоза нест, яроқҳои бо нархи гарон харидаи хешро бурда супурданд.
– Агар месупурданд, яроқи худатро ҳам меёфтанд, ҳамин хел не?
–То ҳоло баъзе худобехабарон барои мақсадҳои нопоки хеш яроқҳоро пинҳон намуда гаштанд ва иншоолоҳ рўзе мешаваду он яроқҳо хуни худашон мерезанд.
– То он вақт хеле дур аст. Ана, милиса барои ҳамин худатро афшондан мехоҳад, то бубинад, ки ту чӣ касӣ.
– Чаро маҳз маро?
– Чунки худат яроқро гум кардӣ ва боз дар таги биниат аз ҳамон намуди яроқ нафареро парронданд.
– Чаро аз ҳамон намуди яроқ будааст? Рафту дигар намуди яроқ бошад.
– Дигар намуди яроқ мешуд, худатро ҷеғ намезаданд, мефаҳмӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо