Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Беҳтараш ман худам, – гўён Самандар ба тарафи Рахш рафт. Чун банд ва гулмехи асп аз замин бардошт, Рахш майли ба тарафи ҷўйи об рафтан кард.
Самандар дар ҳамон ҷўйчаи кўҳӣ Рахшро об дод.
Умуман, ба ҳама бартариҳои хеш нигоҳ накарда, асп низ чун гов ҳангоми обнўшӣ баднафс аст. Асп чун ба ҷўй лаб монад, гумон созӣ, ки дарё дар як нафас даркашад. Аз тамоми ҳайвоноти хонагӣ ҳангоми обнўшӣ маркаб мақому манзалати хешро дорост. Маркаб чунон боэҳтиёт ва нозук об менўшад, ки…
Чун Рахш аз ҷўй сар бардошт, дуюмбора ҳаваси нӯшидани об накард ва аз қафои чўпон то ба пеши хайма омад.
Баробари омадани Рахш Шодии Лоиқ қарчағу1 дар даст сару ёлашро шона зад. Аз меҳрубониҳои соҳибаш буд, ки асп ҳар замон сару ёли хеш меҷунбонд. То тағйири либос намудани чўпон Шодии Лоиқ аспро зину афзол карда, лаҷоми нуқрагин ба сараш зад. Чун Самандар пой ба рикоб монду худро болои зин гирифт, Шодии Лоиқ даст ба дуо бардошта, баҳраш сафари бехатар орзу намуд. Самандар лаҷомро сар дод ва Рахш чун марди солору пуртамкин ба роҳ даромад. Чунин муносибат ба аспро сарчўпон напазируфт ва боз ҳамон абёти кўҳнаи хешро ба ёд овард: «Тозиёнаро кор фармо тозиёнаро, мефаҳмӣ, ки беҳтарин асп муҳтоҷи тозиёна аст». Давоми суханони сарчўпонро Самандар нашунид, чунки асп баробари задани тозиёна, ки ба хотири нашикастани сухани сарчўпон савори болояш ба сағриаш зад, чун бод ба самти дара рафт. Ногаҳон асп яку якбора рамиду савор қариб буд, ки мувозинаташро болои зин гум кунад. Ў бо дасти росташ қоши зин ва бо дасти чапаш лаҷомро ба тарафи хеш кашида, мувозинати аввалашро барқарор кард. Сабабгори нохост рамидани асп ин аз байни алафҳо яку якбора хестани зоғу заған буд, ки болои ҷисми гург гирд омада буданд…
Новобаста аз он ки дили савор аз даъват ба милиса чун лахча сиёҳ буд, вале ҳолати имрўзаи гургу гўсфандро пеши назар оварда, дили хешро бо суханони маъмули мардумӣ:
“Набурад рагеро, нахоҳад Худо” таскин дод. Бубин, оне ки

  1. Қарчағу – шонаи махсуси оҳанин барои асп.
пешина
аз 513
навбатӣ