Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Чун гург хомўш шуду аз ҳаракат бозмонд, Урман гулўяш сар дод ва ҳамон хел ором ба тарафи хайма рафт. Сагҳои дигар низ аз қафои ў рафтанд.
– Чун тақдири илоҳӣ набудааст, гўсфанд бимонду гург ҷон дод, – гуфт сарчўпон ва ҳамон гўсфанди аз тарс дар ҷояш шахшударо пешандоз карда, ба сўи рама бурд.
Соате пас зоғу заған болои ҷисми беҷони гург гирд омаданд.
– Аҷиб, ки ин гурги лаънатӣ аз куҷо пайдо шуд? – пурсид сарчўпон.
– Надонам, – китф ба ҳам кашид чўпон. Ба ҳар ҳол рама аз пеш рамид.
– Медонӣ чӣ?
– Чӣ буд, амаки Шодӣ?
– Рўзи будшуда гургро ба ин манзил овард.
– Рўзи буд овардаш ё худаш омад.
– Бубин дар рўзи рўшан.
– Гурусна бо шер мезанад.
– Инаш рост. Агар Урман намешуд, шояд ин дафъа ҳам ҷон ба саломат мебурд.
– Намедонам, намедонам.
– Биё, вақти тановул шуд.
Самандар ба тарафи дара ҳаракат кард ва дар оби дарёча дасту рўй шуста қафо гашт. То омадани ў сарчўпон дастархон густурд.
Ниҳоят Самандар азми сафар кард. Ў хост, ки то роҳи калон пиёда раваду аз он ҷо бо мошин.
– Не, пиёда куҷо меравӣ. Рахш аз мошин камӣ надорад.
Оё нашунидаӣ, ки гуфтаанд: “Дар даҳони гург бошиву пот кашол.”
– Не, Худо аз даҳони гург нигоҳ дорад. Дидед, ки гург чӣ хел гўсфандро пешандоз карда бурд?
– Бо амри Худованд гўсфанд худаш баробари гург гом мезад.
– Гург ҳатто гўсфандро захмӣ накард.
– Барои захмӣ кардан вақт наёфт. Хайр, ту тайёриатро бин, ман Рахшро меорам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо