Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳама пеш Урман аз пеши сайёд, ки то ҳанўз имкони буғӣ кардани сайдашро наёфта буд, баромад. Аз ин вохўрии ногаҳонӣ сайёд даступо хўрда, сайдро сар дод ва баҳри дифои хеш ба тарафи муҳофиз ҳуҷум кард. Чун Урман қафо нагашту зарбаи аввалро ба синаи хеш гирифт, муҳофизони дигар ҳам ба ёриаш шитофта, меҳомони нохондаро дар иҳота гирифтанд. Шояд меҳмон на як бору ду бор ба рамаҳои гирду атроф шабохун зада буду аз чанголи сагҳо ҷон ба саломат бурда, дар мадди аввал Урманро назараш нагирифт. Гумон кард, ки саг аз ҳайбати ў метарсаду аз роҳаш дур мешавад, вале ҳамааш баръакс шуд, чунки саги аввалини аз сари роҳаш баромада, ба хотири нону намаки соҳибаш ҷон ба каф гирифта, ба ў дарафтод ва дигар сагҳо низ шерак гашта, баҳри ҳифзи номуси хеш бархостанд. Самандар Шодии Лоиқро, ки асои заранг дар даст омада буд ва мехост гургро зада аз пой афтонад, пеш рафтан намонд.
– Гург дар ҳолате гург аст, ки рама бошад ва гурги танҳо аз саге беш нест ва акнун, ки он гурги бечора дар иҳотаи чор саг аст, ба ҷанг ҳамроҳшавии мову худат, амаки Шодӣ, аз рўйи адолат нест. Бигузор сагҳо ҳисобашонро ба меҳмон баробар кунанд. Сарчўпон дигар чизе нагуфта, ҳамроҳи Самандар чун довар ба рафти задухӯрди гург ва сагҳо назор мекард.
Гург дар талвосаи ҷон ҳар кадом саги наздикшударо газидан мехост, вале гўё дандонҳояшро арра карда буданд, ки ба бадани ҳимоячиёни рама кора намекард. Ў розӣ буд, ки аз муҳосира барояду думи хеш аз ин манзил хода намояд, вале сагҳои чўпонӣ гирди ўро чун Девори бузурги Чин маҳкам карда буданд. Гург чун умеди охиринашро аз даст дод, то ҷон дар рамақ дошт, худро муҳофизат кардан хост. Аз талошҳои зиёд ҳама монда шуданд, вале дар ҳамин маврид ҳам Урман бартарӣ дошт ва бо тамоми қувва ба гург дарафтид ва гулўи гург гирифту фишурд...

пешина
аз 513
навбатӣ