Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў боз чизе гуфтан мехост, вале чашмаш ба марди бистуҳашт - сисолаи ношиносе бархўрд, ки баробари аз гардиш тоб хӯрдани асп, аз пешаш баромад. Аз чунин вохўрии ногаҳонӣ марди ношинос дасту по хўрд ва ё дар назари Самандар ҳамин хел намуд. Не, дар ҳақиқат марди ношинос дасту по хўрд ва агар масофа каме дуртар мебуд, ў худро ба ҷар мезад, то саворро набинад.
Ношинос салом дода, аз паҳлуи ў гузашт. Напурсид, ки ин роҳ то ба куҷо мебарад. Модом ки напурсид, пас бо ин мавзеъ шинос аст. Пас ў куҷо рафт? Шояд ўро низ сиррест, ки ман намедонам. Аҳволи марди ношиносро дида қалбаш ҳам хомўш шуд.
Ў ду - се маротиба аз қафои ношинос нигарист, вале хатареро дар ҳаракатҳои ў ҳис накард. Ношинос ҳатто ба қафояш боре ҳам назар накард. Шояд ҳамаи ин аз рўйи эҳтиёт буд. Ба ҳар ҳол аз дидани ношинос ҳам дили ў хавотир шуд.
Заминро бистару сангро болишт интихоб кардани ўро сабаб ин буд, ки дар давоми як моҳи баъди аз маҳбас омаданаш чанд маротиба ўро ба милиса ҷеғ заданд, чунки се аспро кадоме дуздида будааст ва ў дар деҳ чун гови ало дар чашми ҳамагон буд. Ба ин ҷо ҳам омада осуда нашуд. Дар давоми ҳафта бори дуюм аст, ки милиса ўро ҷеғ мезанад. Рост гуфтаанд, ки ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад.
Аҷиб, ин мард ба куҷо азми сафар дошта бошад? Рафту ҳамон се аспро ҳамин кас дуздида бошад, - чӣ? Дуздида обу лой кард аспҳоро ва боз ба шикор баромад. Рафту дар ҳақиқат қотил ҳамин кас бошад - чӣ? Ба ҳар ҳол Самандар ба саволҳои хеш ҷавоб наёфт. Рахш ўро ба пеш мебурд…


Соате пас аз бозгашт ба Гулобод сардори ШКД Ҳамид Ҷовид, капитани милитса Сорбони Ҳомидро ба ҳузури хеш хонд. Сорбони Ҳомид дар утоқи кории Гурезов оид ба сафари хизматиаш ба шаҳр гузориш менавишт ва ният дошт, ки баробари анҷом доданаш ба назди Ҳамид Ҷовид медарояд, вале ба хулосае омад, ки коғаз ба безабонии хеш ҳам ифшогари марому мақсади одамист. Аз ин рў, ў боз чаҳоряк соат сари мизи корӣ болои саҳфа майна об кард ва чун боварӣ ҳосил намуд, ки ҳама мақсаду мароми сафарашро навишта шуд, аз ҷой бархеста коғазҳои навиштаашро дар дохили ҷузвдоне худ гирифта, ба утоқи кории сардори милиса рафт…

пешина
аз 513
навбатӣ