Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таҷрибаомўз ба пиёлаҳо чой рехта, назди ҳозирин гузошт ва сипас ба курсӣ нишаст.
Олег Ефремович аз ҷевони пастакаки паҳлуи мизи кориаш ду - се лаълӣ шириниҳо бароварда, рўйи миз монд ва лаҷоми суханро ба дасти хеш гирифт. Ў аз он изҳори таассуф кард, ки лейтенанти милитса Каримовро наёфтанд. Шояд агар Каримов мешуд, суҳбат дар атрофи Хоҷаева ранги дигар мегирифт, - гуфт соҳиби утоқ.
– Ба фикри шумо розӣ шуда наметав рафиқ подполковник, - эътироз намуд Сорбони Ҳомид ва пиёлаи дар дасташ бударо болои миз гузошт.
– Чаро?
– Дар ҳоле ки нисфи мардуми кишвар дар ҳолати камбизоатӣ қарор доранду кадом як духтари бисту се - бисту чорсола «Мерседес» - савор мегардад, донистани ҳама паҳлуҳои зиндагии ў барои милиса на танҳо зарур, балки шарт аст. Бояд қайд намоям, ки ду сол пеш маҳз ҳамин духтар ё худ зане, ки мо нисбат ба зиндагиаш таваҷҷуҳ зоҳир намудаем, соҳиби автомошини «Волво» будааст. Ногуфта намонад, ки бо гуноҳи баъзе аз мо ҳомиёни қонун ў аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст.
– Барои кадом гуноҳ? - пурсид сарнозири минтақавӣ.
– Фарз кардем, барои пинҳон намудани ҷиноят ва ё ҳамиштирокӣ дар ҷиноят. Ҳоло инро исбот намудан душвор.
Вале ҳамон вақт, яъне чор сол пештар, агар муфаттиш раҳмдилӣ зоҳир намекард ва ба суханони гумонбаршудаҳои дигар гўш медод, имрўз мо сари ин миз ҷамъ намеомадем.
– Охир милиса ҳам наметавонад беасос аз ҳама домангир шавад. Ҳарчанд ки ними аҳолии кишвар дар ҳолати камбизоатӣ қарор дошта бошад ҳам, нисфи дигараш соҳиби қасру кушкҳо ва беҳтарин мошинҳои хориҷӣ шуданд. Ҳоло давру замон ҳамин хел шудагӣ. Дар ҳоле ки олимон сарпаноҳ надоранд, кадом як носфурўше соҳиби қасру кушкҳост, – ба ҳимояи хеш хест сарнозири минтақавӣ.
– Пас чаро мо муайян накунем, ки он ҳама дороиро аз куҷо ёфтааст? - боз эътироз намуд Сорбони Ҳомид. Гарчанде худаш мефаҳмид, ки дар ин ҷо айб на дар ош, балки дар мош аст.

пешина
аз 513
навбатӣ