Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чӣ хел шикоят?
– Ҳамин хел шикояти даҳонӣ, ки гўё шабҳо ба хонааш марди бегона меомадааст.
– Шумо чӣ чора андешидед?
– Ягон чора наандешидем. Ба хонаи зани бешавҳар рафтани мард магар гуноҳ аст? – дар навбати хеш савол дод сарнозири минтақавӣ.
– Дар мо - ку не, вале дар шумо чӣ? – пурсид Олег Ефремович. .
– Ақаллан шахсияти он мард ё мардонро муайян кардед?
– пурсид Сорбон.
– Мо дар он маҳал одами хешро дорем, вале баъди супориши мо ў низ дигар он мард ё мардонро надидааст? То он вақт марде меомадасту яку якбора муносибаташро аз ҷавонзан кандааст, ки дигар касе на худаш ва на арвоҳашро надидаст.
– Ҳамонҳое, ки шикоят намуданд, агар он мардро бинанд, мешиносанд?
– Намедонам, рафиқ капитан, рости гап намедонам, чунки бо онҳо худи лейтенант Каримов суҳбат намудааст.
Дар навбати хеш Каримов маро дар ин бора огоҳ намуда, аз ман маслиҳат пурсид, - худро сафед карданӣ шуда гуфт Балаҷони Юсуф.
– Гуфтед, ки он зан автомобили «Мерседес» дорад?
– Ҳа, автомобили «Мерседес».
– Дар ягон ҷо кор мекунад?
– Ҳоло ҳама дар бозор...
– Шумо ягон бор ҳуҷҷатҳояшро дидаед? – боз савол дод Сорбони Ҳомид.
– Худам – ку надидам, шояд Каримов…
– Чанд сол боз дар ҳамин вазифа кор мекунед?
– Се моҳ шуд. Пештар сардори мизи шиносномадиҳӣ будам, – гуфт Балаҷони Юсуф.
“-Дар давоми се моҳ ба гумон аст, ки касе беҳтар аз Балаҷони Юсуф кор мекард?” – аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид.
Абдурашиди Шариф рухсат пурсида, чойники чойро болои мизи кории Ковалчук гузошта баромада рафтанӣ буд, ки сардори бахш ўро боздошта гуфт, ки ба курсӣ нишаста, ба рафти муҳокимаронии корҳои ҷустуҷўӣ ҳамроҳ шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо