Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳар ҳол ў ба мардум наздиктар аст.
Сорбони Ҳомид хост бо подполковник Ковалчук худоҳофизӣ намояд, вале худи Олег Ефремович ба ин кор монеъ шуд.
– Шинед, рафиқ капитан, ҳоло ягон илоҷ мекунем, – гўён ў гўшаки телефони берақамеро бардошт ва чун овози навбатдор шунид, пурсид, ки оё нозири минтақавӣ Каримов дар идора нест ва баробари ҷавоби инкор гирифтан гўшакро ба ҷояш гузошта, ба девори паҳлу ангушт зад.
– Таҷрибаомўз Абдурашиди Шариф бо амри шумо ҳозир шуд! - баробари дарро кушодан ба таври расмӣ гузориш дод ҷавони вориди утоқи кории шуда.
– Нозири минтақавӣ Каримовро ба назди ман ҷеғ занед!
– Хуб шудааст!
– Ҳозир ҳамаашро ташкил мекунем, – мусоҳибашро ором кунонданӣ шуда гуфт сардори бахш.
Лаҳзае пас ҳамроҳи Абдурашиди Шариф сарнозири минтақавӣ Балаҷони Юсуф вориди утоқи кории Ковалчук шуданд.
– Рафиқ подполковник, лейтенант Каримов аз пайи супорише ба ШКД–и ноҳияи Саричашма рафтааст ва ба ҷояш ман ҳозирам.
– Ин кас сарнозири минтақавӣ Балаҷони Юсуф, – шахси ҳамроҳи таҷрибаомўз омадаро муаррифӣ кард Олег Ефремович.
– Капитани милиса Сорбони Ҳомид, - гўён аз ҷой хеста худро шиносонд ў.
– Шогирд, як чой!
– Хуб шудааст, – гўён таҷрибаомўз аз дар баромад.
Олег Ефремович мақсади ташрифи Сорбони Ҳомидро ба сарнозири минтақавӣ баён сохта, дар навбати худ дар бораи Ҳоҷаева Лайлӣ Анваровна, ки дар минтақаи хизматии онҳо зиндагӣ дорад, пурсон шуд.
– Лайлӣ, Лайлӣ ин ҳамон зани «Мерседес» - дор бошад? – қариб бо овози нимшунаво гуфт сарнозири минтақавӣ.
– Мо аз куҷо донем? – хандида гуфт Олег Ефремович.
– Ба фикрам, ҳамон кас. Як моҳ пештар ҳамсояҳо аз болояш шикоят намуданд.

пешина
аз 513
навбатӣ