Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид боз соате ҳамроҳи бародар суҳбат кард.
Наҷиб гуфт, ки шаб дар роҳ монданд. Дар Кабудҷар.
– Акнун ман ду - се рўз боз ба Гулобод меравам. Донишҷў шудан осон нест. Ақлатро дар ҷояш гир. Аз дарсҳо қафо намон, - таъкид кард Сорбон бародарро ва бо аҳли хонадон худоҳофизӣ намуда берун баромад. Сипас, дар автобус нишаста, ба қисми шарқии шаҳр роҳсипор шуд. Ним соат пас ў дар ШКД – и ноҳияи Марказӣ ба ҳузури сардори мизи хизмати шиносномадиҳӣ капитани милитса Раҷабалии Талаб даромад.
Чун соҳиби утоқ матлабаш шунид, ному насаби Хоҷаеваро ба коғазе навишта, пеши даричаи на чандон калон гузош та, тугмачаи зангро пахш кард. Духтаре аз утоқи кории шафат даричаро кушода, он коғазпораро гирифту аз нав даричаро пўшид. Соҳиби утоқ ба пиёлае чой рехта, пеши меҳмон гузошт ва худ саргарми ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои паҳну парешони болои миз шуд…
Тахминан баъди понздаҳ дақиқа боз ҳамон дарича кушода шуд. Соҳиби утоқ, дар ҳоле ки саргарми кори хеш буд, овози кӯшодани даричаро шунида қоматашро рост кард ва он коғазҳо гирифту лаҳзае онҳоро аз назар гузаронида, сипас ба меҳмон дод.
Сорбони Ҳомид сараввал ба формаи «Ф» - 1 ва сипас ба варақаи ба қайдгирии Хоҷаева нигарист. Дар ҳақиқат на дар ош ва на дар мош айбе надид. Хоҷаева дар ҳамон манзиле, ки суроғаашро дар ҳуҷҷатҳои БДА дарёфта буд, зиндагӣ мекардааст. Аз рўйи расм дар формаи «Ф» - 1 духтари ҳабдаҳ– ҳаждаҳсолаеро дид ва чун ба санаи таваллудаш нигарист, фаҳмид, ки аз вақти расм гирифтан то ба имрўз шаш - ҳафт сол гузаштааст. Холи байни абрӯвони духтар баръало намудор буд.
Бо талаби Сорбони Ҳомид нусхаи ҳарду ҳуҷҷат бардошта шуд ва ў худоҳофизӣ намуда, рост ба назди сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ подполковники милитса Ковалчук Олег Ефремович рафт ва ўро аз мақсади ташрифи хеш огоҳ сохта, ёрӣ пурсид. Олег Ефремович марди пасту баландиҳои зиндагиро мефаҳмидагӣ буд, ки яку якбора ба саволи мусоҳибаш ҷавоб надод. Баъди андешаи зиёде ў ба тарафи мусоҳибаш нигариста гуфт, ки мебоист дар ин бора ба нозири минтақавӣ суҳбат мекард.

пешина
аз 513
навбатӣ