Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Субҳона тайёр, - дарро кушода хабар дод Умеда.
Сорбони Ҳомид аз ҷой бархест ва бори дигар ба он иморати нимтайёри коғазини хеш нигариста ба ошхона рафт.
– Хуш, корҳоят чӣ хел?
– Корҳо бад, - посух дод ў ва даст ба нон бурд.
–Чӣ хел бад?
– Ҳамин хел, одӣ. Намехоҳӣ ман ба Гулобод равам?
– Ростӣ, намехоҳам. Ҷойи кор дорӣ,чӣ лозим ба Гулобод рафтан?
– Новобаста аз хоҳиши худат ман маҷбурам, ки боз дусерўза ба он ҷо равам. Ман он ҷо ба кори доимӣ намеравам.
Модоме ки лозим дониста, маро ба он ҷо фиристоданд, бе амр ва ё рухсати сардори ШКД - и ноҳияи Гулобод Ҳамид Ҷовид ман баргашта наметавонам. Бо Ҳамид Ҷовид тайи чанд сол ман дар ноҳияи Сарчашма кор кардам. Ба замми ин, он ҷо бо супориши сардори раёсати кофтукови ҷиноятии вазорат фиристода шудам. Муваққатан, мефаҳмӣ, муваққатан.
– Наход ба ҷуз худат дигар кас набошад? Хайр, рафта омадӣ. Акнун бигузор дигар касро фиристанд.
– Мо дар он ҷой сари муаммое майна об карда гаштем ва чун нӯги гиреҳ ба даст ояд, ман як соати дигар дар он маҳал намеистам.
– Дар ҳабдаҳ - ҳаждаҳ рўз он нўги гиреҳи гуфтагиат ба даст наомад, пас дар ду рўз ба даст меояд?
– Баракат сари як дона гуфтаанд. Шояд дар ҳамин ду - се рўз корамон натиҷае диҳад.
Садои занги дар баланд шуд ва Умеда рафта, лаҳзае пас ҳамроҳи Наҷиб ба хона даромад.
– Хайрият меомадед, - бародарро дида аз ҷой бархест Сорбони Ҳомид ва Наҷибро ба оғўш гирифта, аз самими қалб барои донишҷў шуданаш табрикаш намуд ва сипас ҳамроҳи Наҷиб ба меҳмонхона гузашт.
Умеда дастархон густурд ва Наҷибро хайрамақдам гуфта аз хонаву ёру ақрабо пурсон шуд.
– Ҳама сиҳат саломат. Салом гуфтанд.

пешина
аз 513
навбатӣ