Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Капитани милитса ба ҳама кор аз се кунҷ менигарист. Ба ақидаи ў, агар яке аз он кунҷҳо ҳангоми буриш аз хатти асосӣ дур монад, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеомад. Се кунҷ аслан инҳо буданд. Замони гузашта, ҳозира ва оянда. Баъзан таҳлилгарон ин кунҷҳоро паҳлуи ҳам мегузоштанд. Ядрои асосиро ҳангоми таҳлил замони ҳозира дар бар мегирифт ва таҳлилгар бояд роҳҳоеро ҷустуҷў менамуд, ки алоқамандии онро бо замони гузашта ифшо созад. Чун ҳамин кор ба таҳлилгар даст медод, дар асоси якҷоякунӣ ду молекула (замони гузашта ва ҳозира) нақшаи стратегии ҳуҷумро, ки ба замони оянда вобастагии зич дошт, тартиб медод…
Сорбони Ҳомид аз қартаҳо бинои ҳафтошёнаро болои ҳам чид, вале барои сохтмони қабати ҳаштуми бино масолеҳи бинокорӣ нокифоя буд ва ў бинои нотайёрро ба ҳоли худ монд. Пас тамоми ёду ҳуши хеш ба ҳамон як нуқта: тамошои бинои ҳафтошёна сафарбар кард ва оҳиста - оҳиста роҳҳои навро дар муаммои Ҳамид Ҷовид пеши назар овард.
Дар ҳақиқат, ў вазъи Ҳамид Ҷовид ва умуман ноҳияи Гулободро нағз мефаҳмид ва мебоист илоҷе намуда, сари ин масъала рӯшание меандохт, вале ҳар як ҳаракати ноҷо метавонист муҳлати кушодашавии ҷиноятро ҳафтаҳо ва ё моҳҳо ба қафо партояд. Дар он сурат дараҷаи зиён аз фоида баландтар мешуд. Ба ҳамин хотир ў дар ҳамин субҳи солеҳон бори дигар он ҷомаи дар ихтиёраш доштаро аз нав чен кард, вале дар буриши он таҳаммул намуд. Ў мақоли халқии; “ҳафт бор чен куну як бор бибур” - ро на як бору ду бор сармашқи кори хеш карда буд ва боре ҳам зиёне надида.
То ба назди хонум Хоҷаева рафтан ҳамагӣ ним соат вақт сарф мешуд, вале ў аз фикри хеш гашт. Фикри дишаб доштааш ҳеҷ дар чаҳорчўбаи корҳои ҷустуҷўӣ рост наомад. Охир, чӣ тавр бе ягон далел метавон назди шахсе рафт, ки ў дар интиқоли маводи мухаддир ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим шарик аст. Бигузор шарик ҳам набошад, вале ў аз ин кор бохабар аст ва мебоист ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ баҳри пешгирӣ кардани ҷиноят ба милиса хабар медод.
Модоме ў чунин як ҷиноятеро, ки хуни ҳазорон нафар мерезад, пинҳон намуд, пас канӣ кафолат, ки имрўз дар ин бора сухан ба забон орад. Ин баробари он аст, ки теша ба решаи хеш занӣ ва ҳеҷ як одами солимақл ба милиса сирри чор сол пеш доштаи хешро, ки исбот карданаш ғайриимкон аст, намекушояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо