Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Биёед, аз почаки ҳамдигар надорем. Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Агар дар ҳақиқат мо сари қасру кушкҳо ва мошинҳои хориҷӣ тафтишот барем, ними мардуми кишварро ба маҳкама кашидан лозим меояд. Бубин, ҳатто прокурори генералӣ дар як мусоҳибааш ба мухбири яке аз рўзномаҳои бонуфуз гуфтааст, ки: «Бо маоши мо мошини хориҷӣ харидан мумкин нест». Модоме ки мумкин нест, пас ӯ ягон намуди даромади дигар дорад, - ҳозиринро ба мусолиҳа даъват намуд Ковалчук.
Абдурашиди Шариф, ки аз муҳокимаронии тарафҳо як ҷаҳон маънӣ гирифт, ба пиёлаи холишудаи меҳмон аз нав чой рехта наздаш гузошт.
Сорбони Ҳомид боз як қулт чой нӯшида гуфт, ки дар бораи Хоҷаева маълумоти бештаре гирифтан мехоҳад ва аз ҷузвдонаш расмеро бароварда, ба дасти Олег Ефремович дода гуфт:
– Дишаб дар ахбори криминалӣ дар бораи ҳамин мард, ки дар маҳаллаи Гулобод аз яроқи оташфишон парронда шудааст, сухан ронданд.
– Мо бояд чӣ кор кунем? - ба расм нигариста пурсид соҳиби утоқ.
– Мо донистан мехоҳем, ки оё ҳамин мардро боре ягон нафар ҳамроҳи Хоҷаева дидааст ё не?
– Мо кўшиш мекунем, ки ба саволи шумо ҷавоби саҳеҳ диҳем, вале барои ин вақту соати муайян лозим.
– Ман розӣ, вале илоҷе намоед, ки худи Хоҷаева аз ин ҳаракатҳои милиса бохабар нашавад.
– Мефаҳмам. Ҳамроҳи Балаҷон Юсуфович ва шогирд Абдурашид ягон илоҷашро меёбем.
– Ташаккур.
– Боз чиро донистан мехоҳед?
Фаҳмидан мехостам, к шахси дар расмбударо мешинохтааст. Ҳамчунин, мехоҳем бо роҳи оперативӣ муайян намоед, ки Хоҷаева тайи чанд соли охир ба кадом кор машғул аст ва мошинро аз кадом ҳисоб харидааст.
– Метавонед осуда бошед, ҳар чи ки аз дастамон ояд…

пешина
аз 513
навбатӣ