Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Акнун, Лайлиҷон, ту каме ҳавои тоза гир. Ҳо, ана он зардорлуи паҳлуи роҳро дидӣ?
– Ҳа.
– Набошад, ба таги ҳамон зардолу рав, бигузор онҳое аз роҳ мегузаранд, гумон созанд, ки туро хумори зардолу ба ин мавзеъ овардааст…
Даҳ дақиқа пас додугирифт анҷом ёфт ва ў ҳатто ба он марди ҳамроҳи Солеҳ буда ду дона зардолу дод. Ҳарчанд он мард дуздида - дуздида ба ў нигоҳ кард, вале фаҳмид, ки Лайлӣ меваи шохи баланд аст…
Боре як дугонааш гуфта буд, аз он чӣ ки дар ёди бинанда нақш мебандад, ҳамин холи зебои байни абрӯвонаш аст. Агар ман дар ёди он мард ҳам монда бошам, бо ҳамин хол мондаам.
Тахминан чор - панҷ моҳ пас аз он вохўрӣ Солеҳ Ҷалил хабар овард, ки ҳамон марде, ки дар километри ҳаштуми шоҳроҳи Душанбе - Қаратоғ дида буданд, ба даст афтодааст.Дар ҳамон шабу рўз муддате Лайлӣ дар чунин аҳвол буд, вале касе ба суроғи ў наомад. Шояд ҳамон мард, ки Солеҳ “Қамар Вайсович ба даст афтодааст,” - гуфта буд ва дар лаҳзаи аввал Лайлӣ, ки буданашро ҳатто ба ёд оварда натавонист, худи сардори маҳфилро ҳамчун звенои мобайнӣ дар пирамидаи «Ҳамдилон» пиндошта, ҳамроҳи хеш ба маҳкама кашиданӣ буд. Баъди ин Солеҳ мавриди ҷустуҷўйи милиса қарор гирифт ва ба ҷойи дастгир намуданаш бархе аз милисаҳо ба ў ёрӣ медоданд, то ба даст наафтад. Ҳодисаи дар тарабхонаи «Тоҷикистон» рухдода низ, ки Солеҳ дар борааш нақл кард, чӣ тавр милиса ҳамроҳонашро фиреб дода, ўро гурезонд, аз дастгирии бархе аз ҳомиёни қонун буд…
Чун ў хабар ёфт, ки Қамар Вайсович ва ҳамроҳонаш ҷазои хеш гирифтанд, дилаш ором шуд.
– Ба гумонам, сеҳри холи байни абрӯвонам ба дили Қамар Вайсович чун пайкон расида, ки ў дар бораи ман ба милисаҳо забон накушодааст. Аслан мардон нисбат ба ҷинси латиф бетафовут нестанд ва шояд рўзе расаду Қамар Вайсович ба суроғи ман барои гирифтани қарзаш биёяд. Оне ки маро нафурўхт, метавонад ба ҳама чиз умед бандад. Зиҳӣ чунин марде, ки номи зан дар маҳфиле ба забон наовардӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё