Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хайр, дар ҳолати зарурӣ мегўям, ки аз кору бори Солеҳ хабардор набудам.
– Албатта, онҳое, ки бо худат сару кор мегиранд, мардони аноӣ нестанд.
– Ман чунин нагуфтам.
– Пас онҳо мегуфтагистанд, ки ин ҳама ҷову ҷалол ва он «Мерседес» – ро бо кадом маблағ ба даст овардӣ?
– Кори онҳо ба ҷову ҷалоли ман чӣ? Онҳо бояд қотили Солеҳро ҷўянд, бигузор соҳиби яроқро ёбанд, ба ман чӣ?
– Чун корат ба милиса афтад, онҳо бо ту хола - хола карда намешинанд ва чун булбул гўё мешавӣ.
… Лайлӣ, Лайлиҷон.
– Гўш мекунам,чӣ буд?
– Ту ҳоло дар куҷоӣ?
– Дар хона, роҳи туро интизорам.
– Аробаат мегардад?
–Бале.
– Аробаи ман байни роҳ монд. Илтимос, агар имконият дошта бошӣ, биё.
Лайлӣ телефонро хомӯш карда, аз хона берун шуд. Баъди як соат ба ҷойи таъинкардаи Солеҳ Ҷалил рафт. Сараввал ў аз ҷойи таъиншуда ҳам чанд километр гузашта рафт ва чун наззоратеро аз қафои хеш ҳис накард, пас гашт ва дар пеши мошини тағмаи «Тойота» истод. Лаҳзае пас Солеҳ дипломати калонеро, ки дар як гўшааш тағмаи «Люкс» дошт аз «Тойота»
бигирифт ва ба мошини маҳбубааш нишаст.
– Ба километри ҳаштуми шоҳроҳи Душанбе - Қаратоғ ба пеш, – амр кард ў.
– Не, ман наметавонам. Беҳтар буд, ки муридонат маро намедиданд.
– Дигар илоҷ нест, бе ин ҳам ман аллакай ду соат дер мондам.
– Шояд худатон ин мошинро гирифта равед?
– Бе боваринома? Ё мехоҳӣ, ки маро ба мошиндуздӣ ҳам айбдор намоянд?
– Не.
– Пас чӣ ҷойи истиҳола? Ба пеш!
Лайлӣ дигар баҳс накард ва соате пас Солеҳро ба ҷойи вохўрӣ бурд.

пешина
аз 513
навбатӣ