Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Чун навбат ба реклама омад, духтар тугмачаи дигари онро пахш кард.
Субҳи рўзи 23 август дар мавзеи Хушкакдараи ноҳияи Гулобод ҷасади шаҳрванд Солеҳ Ҷалил ёфт шуд. Мақтул аз яроқи оташфишон ба қатл расонда шудааст. Аз рўи ҳамин масъала прокуратураи ноҳияи Гулобод парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Лайлӣ давоми суханони нотиқро, ки ахбори криминалӣ мебурд, нашунид. Бо пахши тугмача оинаи нилгунро хомўш кард. Тамошои давоми филмро бо иштироки Юрий Никулин ва Андрей Миронов дигар ба ёд наовард.
– О, ин лаънатии муллои ҷодугар гуфт, ки дар як - ду рўз ҷасади Солеҳ тӯъмаи зоғу заған мешаваду ҳатто устухонҳояш ҳам намемонад. -Акнун чӣ мешуда бошад? Худи прокуратура ба санҷиши ҳодиса даст задааст.
Ў дар як мижа задан он пирамидаеро, ки солҳо боз дар дили зердастон тарсу ваҳмро ҷой карда буд, сарнагун дид.
– Агар ягон кас Давронро дида бошад чӣ?
-Ба гумон аст. Охир, мо шабона ба он мавзеъ рафта будем ва агар Даврон ягон касро медид, аздусар гап мезад.
Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Ба замми ин, ҳеҷ кас аз ману Даврон ҳам гумонбар шуда наметавонад. Мо яроқ надошта бошем.
Нотиқ гуфт, ки Солеҳ аз яроқи оташфишон ба қатл расонда шудааст. Пас бигузор одами яроқдорро ҷустуҷў намоянд. Ба ҷуз Даврон дигар касе маро ҳамроҳи Солеҳ надидааст. Охир ҳама вохўриҳои мо пинҳонӣ буданд.
– Чӣ хел пинҳонӣ? Дар тарабхонаҳо туро борҳо ҳамроҳаш дидаанд. Ба замми ин, ҳамсояҳо ҳастанд, ки баъзеашон дар хунат шоҳидӣ медиҳанд. Боз он ҳампешаи дигари Солеҳ, ки ту ба ў ду дона зардолу додӣ.
Дили духтар фишурда шуд. Ў аз тарабхонаву ҳамсояҳо ҳам хавфе надошт. Магар каманд ҳодисаҳое, ки марде ба дари хонаи зани бешавҳар ангушт мезанад? Хайр омада буд, вохўрдем, боз муносибатамонро кандем. Чаро ман қасди ҷони марде мекардам, ки замоне бароям лаззати зиндагиро дода буд. Чаро?
– Зардолу, зардолу. Ана, аз ҳамин чиз тарсидан лозим.
Магар шарт буд, ки ҳамроҳи Солеҳ ба ҷойи додугирифти маводи мухаддир равам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё