Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи ҳама дигар кору бори Солеҳ ў чизе ба ёд оварда натавонист ва ё гуфтан нахост. Сорбони Ҳомид бо Сабоҳат худоҳофизӣ кард ва гуфт, ки агар лозим шавад, ўро ба милиса даъват хоҳанд кард.
– Ба гумон аст, ки аз ҳамин нишондодам бештар чизе гуфта тавонам, - эътироз кард духтар ва меҳмонро то пеши дарвоза гусел намуд.
Ҳарчанд шом фаро расида буд, Сорбони Ҳомид ба куҷое шитоб надошт. Ў дар кўча қадам зада, вохўрии лаҳзае пеш бо Сабоҳат доштаашро таҳлил карданӣ шуд. Суханони пиразани ҳамсоя дуруст буд, вале Сабоҳат ҳамаро ба гардани хеш гирифт. Ў ба ҳар ҳол шарафи падару модарашро аз ҳамин нуқтаи назар, ки ўро маҷбуран ба шавҳар надодаанд, ҳифз хоҳад кард. “Дар ҳама кор худам гунаҳкор, чунки Солеҳ Ҷалилро дуст доштам,” - ба ёд овард суханони Сабоҳатро капитани милиса. Дигар дар бораи маҷбуран ба шавҳар додани Сабоҳат қонун дасткўтоҳ аст ва гунаҳкори асосӣ бошад аллакай ҷазои хеш гирифтааст. То андозае Сабоҳати Маҳмадро ҳам фаҳмидан лозим. Охир ў ба саволи Сорбони Ҳомид, ки бунёди оиларо танҳо дар асоси қонунҳои ҷорӣ поягузорӣ кардан мумкин аст, чунин посух дод:
– Наход шумо нафаҳмед, ки гуноҳ он ҷоест, ки духтарон танфурушӣ мекунанд, ман бошам бо хоҳиши худ мардеро дўст дошта, бо риояи рукнҳои ислом ба шавҳар баромадам.
Не, Сабоҳат ба ин вохўрӣ тайёрии ҷиддӣ дидааст ва шояд аз маслиҳати ҳуқуқшиносе ҳам бархӯрдор шуда бошад.
Ба хотири тифле, ки ў ба дунё оварданист, месазад аз ҳамаи камбудиҳои дигар даст кашид ва ҳеҷ кас наметавонад, ки падару модари ўро ба ҷавобгарӣ кашад, чунки худи духтар онҳоро ҳимоя мекунад. Ниҳоят ў ба автобус нишаст ва ба хона омад. Дишаб вақте ки ў омад, ҳама масти хоб буданд ва чун Расул падарро дид калавида - калавида ба тарафаш омад ва дастонашро ҳалқа карда, ба гарданаш андохт ва ҳамон хел канда - канда бо лаҳни хеш “дада - дадаҷонам омад” гуфт. Ў дар як лаҳза аз хандаи Расул тамоми хастагии худро фаромўш сохт…


Лайлӣ болои курсии мулоим аз барномаи РТР филми бадеӣ «Дасти алмосӣ» - ро ки Юрий Никулин нақши асосиро иҷро мекард, тамошо дошт.

пешина
аз 513
навбатӣ