Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҷавонзан ҳар қадар кӯшид, ки андешаҳои мухталифро аз сар дур намояд, нашуд, ки нашуд. Ахбори криминалӣ чун боди серуне саҳфаҳои дафтари хотироташ варақгардон мекард.
Тақдирро бубин, ки расо баъди ҳафт сол дар шаби 23 август Солеҳ бо зиндагӣ падруд гуфт. Ҳафт сол пеш дар ҳамин шаб ҳамроҳи Лайлӣ дар тарабхонаи «Авесто» ба муносибати сазовори номи донишҷў шудани ў зиёфате орост.
Чун ҳарду, не аниқтараш духтари деҳотӣ, аз таъсири бода сархуш гашт, ўро ба яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхона даровард.
Субҳи солеҳон Лайлӣ ба ҳуш омаду тани урёни хеш дар оғўши марде, ки ду умрашро ёд дошт, дида, дилаш қариб буд, ки аз қафаси синааш берун ҷаҳад. Охир ў бе ягон муқобилият номуси хеш аз даст дода буд. Акнун ў шишаи бишкастае буд, ки пайванд карданаш ғайриимкон ва оби рехтае буд, ки бардоштанаш номумкин…
Чун ба ҳамаи ин ҳодисаҳо духтар худаш гунаҳкор буд, муҳри хомўшӣ ба лаб зад. Ҳамин ҳолат мардро ба корнамоиҳои нав ба нав ҳидоят мекард ва акнун Лайлӣ бо хоҳиши Солеҳ ҳамеша ними бистари ӯро гарм мекард. Чун онҳо ҳарду мунису роздони якдигар гаштанд, Солеҳ ўро ба дигар корҳои пасипардагии хеш шинос кард. Ба маҳфили ҷинояткор худи Лайлӣ «Ҳамдилон» ном гузошт ва умуман шахси наздиктарини шеф гашт. Тафовутро бубин, ки баъди ҳафт сол дар ҳамон шабе, ки Лайлӣ домони хеш нопок кард, хуни марде, ки даст ба домонаш зада буд, бирехт ва ҳатто чашмаш ҳам напарид. Агар ҷасади Солеҳ Ҷалилро зоғу заған мехўрд, ўро дигар хатаре дар зиндагӣ набуд, вале…
Субҳи рўзи 23 август… Ин ягона хабаре буд, ки қалбаш бишикофт. Гумон кард, ки нотиқ дар рў ба рўяш нишаста, гуноҳашро дайн кардан мехоҳад. Эй, бало занад ҳамон рекламаи зормондаро. Кош намешунидаму намесўхтам!
Ў ба ёд овард субҳи имрўзаро. Чӣ тавр аз хоб бедор шудану дар оина дидани ожангҳои зери чашмон. Боз Даврони урёну болои кати мулоим бепарво хобиданашро ва муколамаи ҳарду нимаи қалбашро ҳангоми тамошои он манзараи зебо. Оғози рўз агар дидани ҳамон ожангҳои ҳанўз ба чашм нонамоёнро ба инобат нагирем, барои духтар ёдмон буд. Бубин, дар ҳолате, ки ў дар ҳуҷраи хоби Даврон даромад, дилаш аз фараҳ лабрез гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё