Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Набошад, агар шумо розӣ бошед, мо тариқи рўзнома қиблагоҳатонро ба адлу инсоф даъват мекунем.
- Илтимос, ин корро накунед ва боз ҳам хоҳиш мекунам, ки расми маро худи ҳозир баргардонида диҳед.
- Агар надиҳем - чӣ?
- Ба ҳоли мани муштипар раҳм кунед, акаҷон. Ба ҳоли модари зорам раҳм намоед. Наход барои як расм шуда бандаро ба коми оташ партоед?
- Ҳамин чизро пештар андеша кардан лозим буд.
- Шумо чиро дар назар доред?
- Шумо чӣ?
- Ман?
- Ҳа, шумо.
- Ба ростӣ, ман ягон чизро намефаҳмам. Шояд фикратонро аниқтар баён намоед.
- Мехостам субҳи рўзи 23-юми сентябрро ба ёд биёред...
“Худоё, наход касе бандаро дар он субҳ дида бошад?”- аз дил гузаронид Ёсуман ва гуфт: - Ба ёд оварда наметавонам. - Чунин як рўзи таърихиро?
- Ба фикрам, дар тақвим чунин рўзи таърихӣ нест.
- Ин ҷо гап дар тақвим намеравад.
- Набошад, гап дар чист?
- Гап дар тақвими шахсии шумост. Охир он субҳ бароятон фаромўшнопазир буд, ё гапам нодуруст?
- Намедонам, чунки ҳеҷ мақсаду мароми шуморо нафаҳмидам.
- Ҳамаашро нағз фаҳмидед.
- Чиро фаҳмидам?
- Ҳамаашро, аз ҷумла чӣ тавр соҳиби ҳаштод ҳазор доллар шуданатонро.
- Шумо чиҳо гуфта истодаед! Дар куҷост он ҳаштод ҳазор доллар? Туҳмат ҳам ба эбаш будагист.
- Агар туҳмат бошад, метавонед аз болои мо ба мақомоти дахлдори тафтишотӣ шикоят намоед.
- Агар шумо бандаро ҳамин хел шантаж намудан гиред, шикоят ҳам мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор