Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дўстон ва шогирдонатон шуморо хоҳанд дид, медонед ҳамин расм ба шумо чӣ қадар шӯҳрат меорад?
- Ман омадаам, ки...
- Пасфардо рўзнома чоп мешавад ва расми шумо мебарояд, аз ин зиёдтар мо имконият надорем.
- Ман омадаам, ки аз шумо хоҳиш намоям он расмро чоп накунед!
- Ин ғайриимкон аст.
- Чаро?
- Мисли он ки шумо мехоҳед, ки хонандагонатон босавод бошанд, мо ҳам обрўйи рўзномаамонро хоҳонем ва ман наметавонам чунин як маводи зеборо ба чоп надиҳам.
- Оё намешавад, ки маводро бе расм чоп намоед?
- Бе расм ҳам мешавад, вале бо расм беҳтар.
- Илтимос сухани бандаро рад накунед.
- Дигарон омада хоҳишу илтиҷо менамоянд, ки ягон илоҷ намуда расмашонро дар рўзнома ҷой диҳем, вале шумо бошед баръакс хоҳиш доред, ки аксатон рўйи чоп наояд.
- Илтимос, акаҷон, ба ман ёрӣ диҳед.
- Ман розӣ, ба шарте ки шумо сабаби ба чунин амал даст задаатонро кушоду равшан шарҳ диҳед.
- Чӣ гўям?
- Гўед, ки чаро шумо намехоҳед, расматон чоп шавад?
- Ман метарсам.
- Аз кӣ?
- Аз падарам.
- Баръакс, падаратон аз дидани расматон хурсанд мешавад.
- Шумо ҳоло падари маро намедонед, агар расми маро бубинад, ба сари модарам чормағз хоҳад шикаст. Охир ман бо тавсияи модарам ба донишгоҳ омадам. Ба ҳоли модари ман раҳм намоед.
- Наход падари шумо ин қадар хурофотпараст бошад?
- Он кас дар ҳақиқат хурофотпарастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор