Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Сипас, боз муҳри хомўширо шикаста гуфт:
- Хуш, бонуи муҳтарам, чӣ мефармоянд?
- Пеш аз ҳама мехоҳам, ки расми бандаро чоп накунед.
- Шуморо нафаҳмидам.
- Чияш нофаҳмо?
- Ҳамааш.
- Ман гуфтам, ки дишаб бисёр андеша намудам ва ба чунин хулоса омадам.
- Дар умрам бори аввал аст, ки ба чунин ҳолат рў ба рў мешавам.
- Ман бе шўхӣ мегўям.
- Ман ҳам.
- Хайр шумо ба ман ваъда медиҳед, ки расми ман рўйи чопро намебинад ва на танҳо рўйи чопро намебинад, балки шумо он негативашро низ ба ман баргардонида медиҳед?
- Намедонам, ба шумо чӣ хел фаҳмонам?
- Гап занед, ман мефаҳмам.
- Шумо дер омадед. Соате пештар аз омаданатон ман он расми шуморо бо шарҳи ҳолатон навишта ба дасти сармуҳаррир додам. Сармуҳаррир гуфт, ки аз бозе бандаро мешиносад, ҳамин расми овардаам беҳтарин коркарди ман аст ва ваъда дод, ки онро дар саҳфаи аввали рўзнома ҷой хоҳад дод. Чун он расм дар дасти сармуҳаррир аст, ман намедонам чӣ тавр онро гирам? Ба замми ин, боварӣ ҳам надорам, ки ў ба ин кор розӣ мешуда бошад ё не?
- Шояд ман худам бо вай гуфтугў намоям?
- Ман зид нестам, вале он кас ҳоло дар идораашон нестанд.
- Он кас ба куҷо рафтанд?
- Ба маҷлиси ҳукумат.
- Акнун чӣ мешавад?
- Ҳамааш нағз мешавад. Баъди чопи расмат аҷаб нест, ки шумо бонуи сол нашавед. Бубин, то анҷоми сол ҳам вақт ниҳоят кам мондааст. Модоме ки расми шумо ба сармуҳаррир маъқул шуд, ў кўшиш мекунад, ки маҳз ҳамон расми овардаи банда бонуи сол дониста шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор