Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Вақти он расидааст, ки ўро ба бахши мо ба кор гузаронед, - гуфт Тоҳир Додобоев.
  • Албатта, сари ин масъала ҳам хоҳем баргашт...

  • Шуморо фаҳмидам, - гўён ў бо котиби масъули газета хайрухуш намуда, аз дар баромад ва дар толори барҳавои "Қасри ҷавонон" ногаҳон бо Ёсумани Мансур рў ба рў шуд.
  • Оҳҳо, шамоли куҷо паронд?
  • Ман бо шумо гап доштам.
  • Бо ман?
  • Ҳа, бо шумо.
  • Ман гуфтам, ки тайи ҳамин ҳафта расматон чоп мешавад, ё нагуфтам?
  • Ҳа, гуфтед.
  • Пас чӣ ҷойи ташвиш?
  • Ман дишаб хеле андеша намудам.
  • Дар бораи чӣ?
  • Дар бораи худам.
  • Ман бошам гумон намудам, ки...
  • Чӣ гумон намудед?
  • Гумон намудам, ки дар бораи банда андеша намудед, вале мебинам, ки хато намудаам.
  • Чӣ хел хато?
  • Аслан ман шуморо дигар хел тасаввур мекардам.
    Акнун фаҳмидам, ки шумо ҳам чун ман худпараст будед.
    Хайр чаро ин ҷо истодаем, биёед рафтем.
  • Ба куҷо?
  • Ба идора.
  • Он ҷо ягон кас ҳаст?
  • Албатта, ин ҷо ҳам чун хонаи муаллимони мактаби шумо...
  • Биё, беҳтараш ба берун меравем.
  • Ман розӣ.
    Онҳо ҳарду аз бинои "Қасри ҷавонон" берун шуданд.
    Рўзноманигор дар як мижа задан ҳамкоронашро дид ва бо як ишорае ба онҳо фаҳмонд, ки наздик нашаванд.
пешина
аз 527
навбатӣ