Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ба гарав гирифтани писарбачаи Хушдил Одил Шерзодро.
- Соате пештар шумо гуфтед, ки ҳангоми ба гарав гирифтани Шерзоди Хушдил шумо дар ноҳияи Файзбор будед.
- Ҳа, гуфтам.
- Пас гуноҳи шумо чист?
- Маҳз ҳамин ҳодиса боиси табаддулоти минбаъда гашт.
- Чӣ хел?
- Гўё ки шумо намедонед.
- Мо фикри шуморо дар ин бора донистан мехостем.
- Рафту Шерзодро ба гарав намегирифтанд, касе ба милиса муроҷиат намекард. Дар ин ҷода хатои банда ҳамин аст, ки ба он ду манқурт дуруст фаҳмонда надодам, ки Шерзодро танҳо аз саҳни ҳавлиашон рабудан лозим.
Агар ҳамин суханро мегуфтам, мо имрўз дар ин ҷо наменишастем. - Чаро шогирдони содиқатонро “манқурт” номидед?
- Чунки оғози ҳама бадбахтиҳои мо аз беандешагии онҳо сар зад. Ба фикрам, дар сари онҳо ба ҷойи майна коҳ пур карда шудааст, вагарна наход одами боақл кўдакро аз боғча рабояд, ҳол он ки нағз медонанд дар боғча хомўш намеистанд. Даҳони Хушдил Одилу ҳамсарашро бастан мумкин, вале чӣ тавр метавон даҳони мураббӣ ё мудири боғчаро баст?
- Инро шумо беҳтар медонед, - посух дод Ҳамид Ҷовид
- Рафту агар он ду манқурте, ки тамоми гуноҳи хешро ба гардани банда бор намудан хостанд, андеша мекарданд ва Шерзодро аз саҳни ҳавлиашон мерабуданд, баъди омадани ман аз Файзбор ва бозгашти писарбача ба назди падару модараш касе аз болои мо шикоят намекард. Дар он сурат Фарҳод ҳам ба шикори мо дасту остин барнамезад. Хушдил Одил ҳам чун пештара дастҳо пеши бар дар хизмати банда мешуд, то товони заррарро баргардонад. Ў агар хатареро дар нисбати хеш ҳис намекард, ҳаргиз баҳри аз байн бардоштани бародарарўсаш аз мо мадад намехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор