Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Худи фардо ман он рўзноманигор Абдурашиди Шарифро меёбаму бо вай сари ҳамин масъала гуфтугў мекунам...”
Бо дамидани субҳ Дороб Қамар ба саргузашти хеш нуқта гузошт. Сапедадам бар зулмот ғолиб омад. Ҳадиси шаб поён ёфт. Ҳадисе, ки шуниданаш ҳам осон набуд, чунки дафтари хотироти собиқ командири гурўҳи "Сипар"
олудаи хун буд ва рўзгораш боиси тавба...
Баъди гусели Дороб Қамар чор тан дар дафтари кории сарназоратчии қонун байни андешаҳои хеш ғӯтта мезаданд…
Асад Ғанӣ тугмачаи диктофонро пахш намуд:
" - Ҳамаи он дилбастагии Хушдил Одилро дар нисбати хеш чӣ тавр маънидод мекунед?
- Чунки банда ўро сари ҷинояте даст гирифтам.
- Дар куҷо?
- Дар наздикии сарҳад, дар кўҳ. Ў қариб, ки як тирдонро ба ҷисми ҳамроҳаш холӣ намуд.
- Ба кадом мақсад.
- То ки бори мебурдаро дар танҳоӣ аз худ намоянд.
- Пас чӣ тавр ў шуморо диду чун шоҳиди номатлуб баҳри аз байн бардоштанатон кӯшише ба харҷ надод.
- Чунки ў автоматро ба замин гузошту баҳри пинҳон намудани ҷасад дар кўҳ овора шуд. Дар ин муддат банда аз камингоҳ баромада, он яроқро ба даст овардам.
- Пас ўро ба ғуломи ҳалқабаргўши хеш табдил додед?
- Баръакс, ҳамчун ёрдамчии бовафо.
- Модоме ки чунин буд, пас чаро ба ў бовар накардед, ки дипломати пулро ба Сайёд Ватан додааст.
- Чунки ў бародарарўсаш Фарҳоди Замирро фиреб дода, шахси фиристодаи вай Собитро ба марг ҳукм намуд, то он даҳ килограмм борро аз худ намояд, мо низ гумон намудем, ки ҳодисаи сангчарх кори дасти вай аст. То ба асли воқеа сарфаҳм рафтем, ки корд аз устухон гузашт.
- Корд аз устухон гузашт гуфта, чиро дар назар доред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор