Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Шумо вайро аз кай боз мешиносед?
- Киро?
- Шефро.
- Аз замони хизмат дар сафи артиш.
- Супоришро ба киллер кӣ дод?
- Бо дастури шеф ман.
- Фарҳод Замир чун гурбаи сиёҳ аз роҳи кӣ гузашта будааст?
- Намедонам.
- Намедонед, вале ба чунин амали нопок даст задед?
- Ман танҳо супориши шефро ба Ҳусейн Акбар додам.
- Яъне, ки шумо гуноҳе надоред?
- Гуноҳам ҳамин ки супориши шефро ба гўши Ҳусейн Акбар расонидам.
- Мо фаҳмидан мехостем, ки Фарҳод Замирро дар куҷо ба қатл расониданд?
- Дар назди кинотеатри тобистонаи "Ситораи сурх".
- Пас чӣ тавр ҷисми вай дар комбинати мебелбарорӣ пайдо шуд?
- Акбар хато намудааст, вагарна вайро бояд дусад метр поёнтар мепартофт.
- Чаро?
- То ки тафтишоти ҳодисаро милисаи ноҳияи дигар барад.
- Ин ҷо бошад, ҳамааш баръакс шуд?
- Ба фикрам, ҳамин хел аст.
- Оё шумо мефаҳмед, ки Хушдил Одилро чӣ рақобате бо Фарҳод Замир буд?
- Не. Мо супоришро иҷро намудем. Барои мо Фарҳод Замираш кӣ буд, фарқе надошт...
- Ному насаб?
- Ҳусейн Акбар.
- Шумо дар содир кардани ҷиноятҳое аз қабили расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ба гарав гирифтани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор