Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Шояд ягон далели дигарро пешниҳод намоед.
- Магар ҳаминаш басанда нест?
- Нест.
- Чаро?
- Ман мехоҳам ба ягон хулосае биёям. Баҳри бовар
намудани ман шуморо лозим аст, ки боз делеле пешниҳод намоед.
Сорбони Ҳомид лентаи диктофонро тоб дода,
тугмачаи овозашро пахш намуд...
"- Шеф ин ман. - Тинҷи - мӣ?
- Вай билет гирифтааст.
- Ба тайёра?
- Не, ба қаттора.
- То куҷо?
- То Астрахан.
- Ба вай дастур додӣ?
- Албатта..."
- Хуш, ҳаминаш басанда аст ё...
- Басанда.
- Аминам, ки ақли солимро кор мефармоед.
- Кўшиш мекунам.
- Мехостем донем, ки сухан дар бораи кӣ меравад?
- Дар бораи Ҳусейн Акбар.
- Киллер ҳам вай аст?
- Ман ин хел нагуфтам.
- Ҳа ё не?
- Ҳа.
- Тариқи ў киро аз байн бардоштед ва бо супориши кӣ?
- Фарҳод Замирро.
- Бо супориши кӣ?
- Бо супориши Хушдил Одил.
- Баҳри аз байн бардоштани Фарҳод Замир Хушдил
Одил ба шумо муроҷиат намуд? - Не, ба шеф.
- Ному насаби шеф?
- Дороб Қамар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор