Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ронанда, ки тариқи оина ин манзараро дид, пой ба тормоз бурд.
Сорбони Ҳомид аз курсии пеш фаромада, аз қафои мошин ба тарафи чап гузашта, дари қафои онро кушоду бо азобе паҳлуи мусофири аз қатора акнун дер монда нишаста гуфт:

  • Ором шавед!
  • Гумон доред, ки ин дунё бесоҳиб аст. Бе асос маро аз роҳам монондед, Қатора ҳам меравад, шумо бошед, болои сӯхта намакоб пошиданӣ шуда, бандаро ба ором шудан ҳидоят мекунед.
  • Агар гуноҳе надошта бошед, чӣ лозим ин ҳама шўру валвала?
  • Ман гуноҳе надорам, вале шумо зада сари маро хуншор кардед. Ман инро ҳамин хел намегузорам. Ба прокурор шикоят мекунам.
  • Мо зид нестем. Акнун ором шавед!
    Баъди биступанҷ дақиқаи боздошт, дар замоне ки қатораи мусофиркаши Душанбе - Астрахан ба роҳ баромад, мусофири ба зери "Сангчарх" монда, ба курсие дар рў ба рўйи Асад Ғанӣ, ки соате пештар ба милиса омада буд, нишаст.
  • Бубинед, рафиқ прокурор, инҳо ба ман чӣ карданд? - ба пешонаи хуншораш ишора намуда гуфт мусофири аз қатора монда.
  • Фамилия, ном ва насабатон?
  • Ҳусейни Акбар.
  • Рўз, моҳ, соли таваллуд.
  • 24 июли соли 196...
  • Ҷойи кор?
  • Муваққатан кор намекунам.
  • Аз кадом вақт?
  • Аз 15 феврали соли 1988.
  • Ин чӣ рўз аст, ки онро чунин дар ёд гирифтаед?
  • Ин рўзи аз хоки Афғонистон баромадани қӯшунҳои советӣ.
  • Дигар кор накардед?
пешина
аз 527
навбатӣ