Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Худаш чӣ гап, ман ба прокурор шикоят мекунам. Ин чӣ бедодгарӣ? - ниҳоят ғазабашро фурў шинонда пурсид вай.
- Ҳозир ҳамаашро ба шумо мефаҳмонем, - гуфт сарвари гурўҳ, ки дар либоси ғайринизомӣ буд.
- Рафту ман аз қатора дер монам, кӣ ҷавобашро медиҳад?
- Шумо дер намемонед.
- Чӣ хел? - каме ҳам бошад тааҷҷубкунон пурсид шахсе, ки дасти росташро ҳалқабанди ялаққосӣ бо дасти чапи сержанти милиса мепайваст.
- Чунки шуморо дар дигар ҷо интизоранд.
- Дар куҷо? - ин даъфа шӯрида рафт мусофири пеши қатора.
- Дар милиса. Ҳа, дарвоқеъ, шумо танҳо не, худи ҳамин рўз дўстонатон ҳам бо шумо мепайванданд.
- Шуморо нафаҳмида истодаам.
- Соате пас ҳамаашро мефаҳмед, - ба саволи мусофири ноумед посух гуфт нафари дар либоси ғайринизомӣ буда ва ба тарафи сержанте, ки нисфи ҳалқаро дар дасти хеш тоб дода буд, амр намуд:
- Рафтем!
Чун дар он "маҳфил" ба ҷуз он ду тан дигар касе набуд ва нафари дар либоси низомӣ буда, паҳлуи шахси боздошташуда ҳаракат дошт, дуюмин - ҳамон нафаре, ки дар либоси ғайринизомӣ буд, сумкаи калони сафарии мусофири нокомро бардошта, аз қафои он ду тан ҳаракат намуд. Лаҳзае пас онҳо савори мошини "Волга" ба самти шимолии шаҳр ҳаракат намуданд. Сорбони Ҳомид тариқи мухобираи мошини хизматии сарвари ШКД Марказ - ро аз анҷом ёфтани марҳилаи аввали амалиёти "Сангчарх" огоҳ намуд.
Мусофири ноком баъди шунидани гузориши нафаре, ки паҳлуи ронанда менишаст, яку якбора инони ихтиёрро аз даст дода, девонавор сарашро ба паҳлуи дари мошин зад. Зарба нишонрас буд ё не, вале аз тарафи чапи пешонаи вай хун фаввора зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор