Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Аз куҷо донам.
- Дидед?
- Чиро?
- Беаҳдии занро.
- Ҷамила аз он занҳо нест.
- Ба ёд биёр!
- Чиро?
- Саргузашти азизи Миср ва ҳамсари ў Зулайхоро.
- Дар ҳақиқат Зулайхо зани азизи Миср ба Юсуф дил бохта буд, вале ин ҳамаро ҳусни рўзафзуни Юсуф сабаб гардида.
- Модоме ки Зулайхо нисбати шавҳараш чунин бевафоӣ кард, пас куҷост кафолат?
- Шуд, шуд, - гуфт ӯ ва аз ҷой бархеста, пушти тиреза рафт. Дар рӯшноии чароғи барқ занро дидан мумкин буд, вале аз Ҷамила ному нишоне набуд. Аз он ки соҳибхона аз рўйи эҳтиёт барояш ҳатто хатчае нагузошта буд, то кунун ба бозгашти вай боварӣ дошт...
Соате пештар Хушдил Одил занг зада, аз вохўриаш бо шогирди вай изҳори нигаронӣ намуд. Маълум ки Сайф вайро хеле афшондааст. Акнун ў бо боварии том гуфта метавонад, ки он дипломат бо пулҳо дар дасти Хушдил Одил нестанд.
Рафту ҳамон рўз Сайф ва Ҳусейн Акбар беақлӣ зоҳир намуда Шерзодро аз боғча ба гарав намебурданд, тайи як ё ду рўзи дигар вай худаш дар куҷо будани он дипломатро муайян мекард...
Ин ҳамааш кам буд, ки боз Ҷамила ҳам наомад.
“Дар ноомади кор атола дандон шиканад!” - ин хитоб акси садое аз дили пурғам шуд... - Ту дуздӣ. Ту дуздӣ қалбу рўҳи манӣ, - боз ба ёд овард суханони ду шаб пештар гуфтаи Ҷамиларо.
- Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт.
Интизорӣ ба ҷонаш зад, ки ў аз пушти тиреза ба дарунтари хона ҳаракат намуд ва болои бистар дароз кашид.
Афсўс хӯрд, ки ҳангоми бозгашт ба Ҷамила занг назад.
Симои Ҷамила ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд. Симои урёни он олиҳаи зебо, симои собиқ духтари ҳамсоя, симои оне ки ўро дузд хонду хона ба ў гузошт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор