Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Баъди издивоҷ бо Гулноз ту аввалин зане ҳастӣ, ки болои бистари вай омадӣ.
- Чӣ хеста равам?
- Биё ба барам, - гўён Мустафо ўро ба оғўш кашид.
- Сар деҳ!
- Сар медиҳаму намедиҳам сар...
- Дод мезанам...
- Марҳамат.
...
Дар он муддате, ки ў ба даҳон об гирифт, Мустафо сару рўяшро бўсаборон кард. Мўйи нозбуяшро бўйид, гесувони мушкинашро шона зад... Ёсуман тобу тавонро аз даст дода беихтиёр дастони хешро чун нишоне аз муҳаббат дар гардани Мустафо ҳалқа намуд. Чун ҳалқаи занҷир. Афсона сар шуд.
Афсонаи ширин. Афсонаи зебо.Чун ҳама афсонаҳои то ба он дам шунидаи вай…
Акнун ў болои бистари сард дар рўшноии хираи шабчароғ зонувонашро ба оғўш гирифта, андеша дорад.
Андешаи афсонаи хеш, андешаи афсонаеро, чун ҳама афсонаҳои буду - набуд. Чун ҳама афсонаҳои пешин, ки оғози онҳо ширину анҷомашон талх буд. Буд - набуд...
Посе аз шаб гузашт, вале аз соҳибхона дарак нашуд, ки нашуд. Чашми Дороб Қамар аз роҳпойӣ канд. Дилашро гургон тала намуданд, вале Ҷамила - он духтараке, ки акнун дар як гўшаи дилаш манзил гирифта буд, наомад, ки наомад...
Шояд имшаб ў бистари дигареро гарм мекунад?
- Бовар намекунам.
- Аспу зану шамшери вафодорро кӣ дид?
Вуҷудаш биларзид. Наход Ҷамила... Ин занҳоро фаҳмида намешавад, магар ҳамин сухани гуфтаи худат нест? - Бовар намекунам.
- Рафту ў мефаҳмид, ки худат меоӣ, асло аз ин кулба берун намерафт.
- Охир мо аҳду паймон доштем.
- Магар марди оқил бо зан аҳду паймон мебандад?
- Чаро не?
- Набошад, бигў, канӣ вай?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор