Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин ҳаракати ў боиси оғози афсона шуд…
Ҷавоне, ки ўро ду соат пеши бинои мактаб интизорӣ кашид, ин даъфа инони ихтиёр аз даст дод ва тағйири либос намуда, паҳлуи ў болои бистари мулоим дароз кашида вайро ба оғўш гирифтан хост.
Ёсуман, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, яку якбора ҳушёр шуда гуфт:

  • Ба ман нарас!
  • Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист бигў?
  • Охир туро зану фарзандат ҳаст.
  • Ҳамаашро ба ту гуфтам - ку.
  • Чӣ гуфтӣ?
  • Гўё ки намедонӣ?
  • Аз куҷо донам.
  • О, худат гуфтӣ, ки аз афташ навои дили худат бо ҳамсарат ҷўр нест.
  • Ба ёдам нест, мефаҳмӣ, сарам чарх мезанад.
  • Биё ба барам.
  • Ист!
  • Наход ба ман бовар накунед?
  • Чӣ хел бовар, охир мо ҳамагӣ чанд соат боз шиносем. Ту ҳатто маро дуруст намешиносӣ.
  • Инаш чандон муҳим нест.
  • Барои шумо мардҳо мумкин, вале барои мо...
  • Андеша дорӣ, фиребат медиҳам?
  • Аз куҷо донам.
  • Ба ман бовар намо.
  • Бовар мекардам, агар зану фарзандат намебуд.
  • Аз Гулноз ман ҷудо мешавам.
  • Аввал ҷудо шав, баъд мебинем.
  • Ҷудо шудан ин кори якрўзаю дурўза нест.
  • Ман сабр мекунам.
  • Шояд ту маро булҳавас пиндорӣ.
  • Чӣ гўям?
  • Росташро.
  • Аз он ки дар ним шабонарўз бандаро то бистари хобат овардӣ, ҳар кор аз дастат меояд.
пешина
аз 527
навбатӣ