Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Назоратро давом диҳед!
- Марказ, ман Дуюм, шуморо фаҳмидам...
Ёсуман хоби даҳшатноке дида, бедор шуд. Чашм кушоду хонаро дар оғўши зулмот дид. Ҳама ҷо торик. Чун гўр.
Бибиаш гоҳҳо торикиро ба гўр ташбеҳ медод. Дар торикӣ палмосида-палмосида болои ҷевони паҳлуи ҷойи хобаш шабчароғро дарёфт ва тугмачаашро зер кард. Хона нур гирифт. Ёсуман дасту пояшро ёзонида, чашм ба арш дўхт.
Хоби лаҳзае пеш дидааш чун лентаи кино аз пеши назараш бигузашт:
“Ёсуман!
Духтар ба қафо баргашту Мустафоро дида ҳайрон шуд.
- Чӣ нашинохтӣ?
- Бовар намекунам.
- Ба кӣ?
- Ба чашмонам.
- Чаро?
- Наход ин ту бошӣ, Мустафо?
- Боз кӣ ҳам мешуд, бевафои ман?
- О, гуфтанд, ки ту мурдаӣ?
- Кӣ гуфт?
- Ҳама мегўянд.
- Ту чӣ?
- Ман.
- Ҳа, ту.
- Чунин сухан дар забонам намегардад.
- Биё ба барам!
- Не, маро ба ҳоли худ мон.
- Наметавонам, мефаҳмӣ, наметавонам...
- Биё ба барам, - гўён Мустафо мехост аз дасти ў бигирад, вале Ёсуман бо тамоми қувва фарёд зад: - Ба ман нарас ва аз садои хеш бедор шуд...” Ҳамааш гўё дирўз буд. Чун афсонае... Он бегоҳ Мустафо ўро аз тарабхона ба кулбаи хеш бурд. Чун маст буд, шарму ҳаёро пеши по зада, баробари вориди хонаи марди бегона шудан, худро болои бистар партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор